Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Трамп таҳдид кард, ки иншооти нави атомии Эронро нобуд мекунад
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ният дошта бошад, ки иншооти атомии худро аз нав барқарор кунад, онҳо “ нобуд карда хоҳанд шуд”. Дар ин бора Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи Трамп “ҳамаи се иншооти атомии Эрон пурра вайрон ё нобуд карда шудаанд. Барқарор кардани онҳо ба чандин сол вақт ниёз дорад. Агар Эрон чунин ният дошта бошад, барояш судмандтар он хоҳад буд, ки ҳамаи равандро аз сари нав дар се макони алоҳида оғоз кунад, қабл аз он ки иншооти имрӯза нобуд гарданд”.
Ин изҳорот дар пасманзари афзоиши шиддат миёни Эрон ва кишварҳои аврупоӣ, бахусус пас аз таҳримҳои нави иқтисодии Амрико садо медиҳад.
Аз ҷониби дигар, намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон Иброҳим Ризоӣ қаблан ба хабаргузории Тасним гуфта буд, ки Теҳрон дар посух ба фишорҳои фазояндаи таҳримҳо метавонад аз Созишномаи манъи густариши силоҳи атомӣ хориҷ шавад. Ӯ, инчунин, илова кард, ки Эрон метавонад ғанисозии уранро аз сатҳи 60 фоиз боло бурда, истеҳсолу содироти сентрифугаҳои пешрафтаро афзоиш диҳад.
Мақомоти Эрон қаблан гуфта буданд, ки ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергетикаи атомӣ (МАГАТЭ) пурра қатъ нашудааст, аммо минбаъд он метавонад дар шакли нав идома ёбад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ вусъат меёбад
Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон