Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Доналд Трамп ширкати Coca-Cola-ро ба ҳам зад
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбате аз истеҳсолкунандагони нӯшокии Coca-Cola (Кока-кола) хостааст, ки дар тавлиди маҳсулоти худ аз найшакари ҳақиқӣ истифода кунанд.
Ӯ гуфтааст, ки роҳбарони ширкати Кока-кола бо пешниҳоди ӯ мувофиқат намуда ва аз ин пас таъми он мисли гузашта боз ҳам беҳтар ва болаззат хоҳад шуд. Бо ин тартиб, нӯшокиҳое, ки дар Амрико истеҳсол мешаванд, ин таъми навро хоҳанд дошт.
Гуфта мешавад, ки ширкати Кока-кола аз соли 1980 ба ҷои шакар аз шарбати ҷуворимакка дар Кока-кола истифода карда, онро бо шакар омехта мекард, то хароҷоти афзоиши нархи шакарро ҷуброн кунад. "Мо аз дилбастагии Президент Трамп ба ин бренди рамзии Кока-кола қадрдонӣ мекунем.
Тафсилоти бештар дар хусуси пешниҳоди инноватсионии нав дар маҷмуи маҳсулоти Кока-кола ба зудӣ нашр хоҳад шуд”- гуфтааст Мишел Эгню, сухангӯи ширкати мазкур. Дар изҳороти Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишорае ба шарбати ҷуворимаккаи дорои фруктозаи баланд нашудааст. Ин маводро Роберт Ф. Кеннедии хӯрдӣ, вазири беҳдошт, яке аз омилҳои густариши бемории фарбеҳӣ дар ҷомеа донистааст.
Эгню дар посухи суолҳо дар мавриди он ки оё ширкати Кока- кола розӣ шудааст, ки дар оянда ба ҷои шарбати ҷуворимакка фақат аз шакари найшакар истифода барад ё на, посух надодааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ вусъат меёбад
Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон