3 Октябр 2026,
шанбе, 05:26, Душанбе
17.07.2025 16:15

Давраи мутобиқшавӣ. Синфи якум чӣ гуна имсол ба мактаб меравад?

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имсол хонандагони синфи якум аз 18-ум то 29-уми август ба мактабҳо ҷалб шуда, аз давраи мутобиқшавӣ мегузаранд.

Гуфта мешавад, ки давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум дар асоси фармоиши Вазорати маориф бо ҳадафи одат кардани кӯдакон ба муҳити мактаб ва шиносоӣ бо тартибу низоми таълим гузаронида мешавад.

Иттилоъ дода мешавад, ки қабули кӯдакон ба синфи якум аз 1-уми август оғоз мешавад ва он ройгон аст.

Бинобар маълумоти пешакӣ, дар соли нави таҳсил қабули 250 ҳазор нафар ба синфи якум дар назар аст.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.