3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
09.07.2025 07:40

Ранги сабзу сурх. Кай натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон маълум мегардад?

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 25-уми июли соли равон натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад.

Тибқи гуфтаи манбаъ, дар ҳолати хомӯш будани телефони дастӣ паёмак ба довталаб намерасад, ҳатто агар онро баъдтар фаъол кунад ҳам дигар аз натиҷаи имтиҳон бохабар шуда наметавонад.

Дар ин сурат, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Аммо агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот” матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! бошад, довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз ягон ихтисоси интихобкардааш комёб нагардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.