3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
07.07.2025 11:24

63 медал. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Архимед”

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” ба дастоварди назаррас ноил гардиданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими бошукӯҳи қадрдонии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори шумораи умумии 63 медал шуд.

Гуфта мешавад, ки хонандагони боистеъдоди тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” 6 медали тило, 20 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

“Ин дастоварди хонандагони тоҷик нишондиҳандаи омодагии ҳамаҷониба ва сатҳи баланди дониши онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ғолибон ва аъзоёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳорат ва истеъдоди худро ба намоиш гузоранд ва парчами Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ парафшон созанд”, - омадааст дар хабарномаи Вазорат.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.