3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
03.07.2025 10:17

Омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон фарогир мешавад. 18 ҳазор нафар ба забономӯзӣ ҷалб мешаванд

Дар як мулоқоти сатҳи баланд миёни Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гуннар Шелленберген, президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши маориф ва илм баррасӣ гардиданд.

Бар асоси иттилои расмӣ айни ҳол дар шаш донишгоҳҳои Тоҷикистон 1708 донишҷӯ забони олмониро меомӯзанд ва дар мактабҳои таҳсилоти миёна беш аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши ин забон ҷалб гардидаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик ин ҳамкорӣ барои рушди низоми маориф ва таҳкими захираҳои инсонӣ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.

Вазорати мазкур пешниҳод кардааст, ки робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ба роҳ монда шавад ва барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқотии муштараки илмӣ густариш ёбанд.

Аз ҷумла, ташкили курсҳои махсуси забономӯзӣ барои омӯзгорон, таҳкими ҳамкорӣ миёни марказҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои илмии Олмон, таъсиси намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ ва фароҳам кардани имконият барои донишҷӯёни соҳибмалакаи забони олмонӣ барои ширкат дар таҷрибаомӯзиҳо ва корҳои мавсимӣ дар Олмон аз муҳимтарин пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Ҷонибҳо ташкили боғчаҳо ва гимназияҳо барои омӯзиши забони олмонӣ, таҳияи мутахассисон дар асоси таҷрибаомӯзии дуалӣ, таъсиси донишгоҳи муштараки хусусӣ ва марказҳои забономӯзиро дар назди донишгоҳҳои муҳим арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои калидӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.