“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
Имкони таҳсил дар хориҷа. Даври якуми озмун барои дарёфти стипендияи “Дурахшандагон” доир гашт
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” доир гардид.
Дар озмуни мазкур Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одиназода Рамазон Сафар, директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Абдулхолиқзода Лутфия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат қарор дорад ва дар робита ба ин масъала ҳамасола тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” довталабон дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил намуда, дар рушду ободии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Тибқи маълумоти Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои иштирок дар озмуни мазкур 469 нафар вобаста ба 4 гурӯҳи ихтисосҳо – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супоридаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳала иборат аст. Марҳилаи аввали онро барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест ва марҳилаи баъдиро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дар шакли суҳбат баргузор мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”