3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
19.06.2025 10:04

Дар Тоҷикистон муассисаҳои томактабии хусусиву алтернативӣ зиёд шудаанд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” ва нақшаи чорабиниҳои он баргузор гардид.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025 мусбат арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки дар ин давра сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ афзоиш ёфта, шумораи муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, шаклҳои хусусиву алтернативӣ зиёд гардиданд.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи нави Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2026-2030 бо назардошти таҷрибаи амалии солҳои қаблӣ ва зарурати иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маориф таҳия гардида, дар он тадбирҳои марбут ба густариши фарогирии кӯдакон, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва миёни табақаҳои ниёзманд, таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ бо бахши хусусӣ, рушди инфрасохтор ва таъсиси шаклҳои гуногунсохтори муассисаҳои томактабӣ, татбиқи низоми миллӣ ва муассири баҳодиҳии сифати таҳсилоти томактабӣ, густариши барномаҳои кӯтоҳмуддати омодагӣ ба мактаб барои кӯдакони синни 5-6-сола, баланд бардоштани сатҳу сифати тайёрии кадрҳои соҳавӣ ва фароҳамсозии шароити баробар барои таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус пешбинӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.