3 Октябр 2026,
шанбе, 05:23, Душанбе
12.06.2025 16:42

То 15-сола. Фаронса талош дорад барои наврасон дар истифодаи интернет маҳдудият ҷорӣ намояд

Бинобар хабари Агентии иттилоотии ТАСС, Эммануэл Макрон, Президенти Фаронса гуфтааст, ки ҷонибдори манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15-сола мебошад.

“Ҷонибдори манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15 - сола ҳастам. Ин корро мо метавонем анҷом диҳем. Зеро ҳамаи ин платформаҳо имкони санҷиши синну солро бо истифода аз шинохти чеҳра ё ID доранд”, афзудааст Эммануэл Макрон.

Президенти Фаронса дар суханрониаш дар Телевизиони “France 2” илова кардааст, ки дар Фаронса махзани маълумот мавҷуд буда, ҳар як мактаббача рақами инфиродӣ дорад ва аз он метавонад барои тасдиқи синну сол истифода намояд.

Инчунин, гуфта мешавад, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар ин маврид ният дорад, ки маҳдудияти истифодабарии шабакаҳои иҷтимои барои кӯдакони то 15-соларо дар Аврупо баррасӣ намояд, агар ба ин ноил нагардад, пас ин иқдомро дар кишвари худаш амалӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки нигаронии Эммануэл Макрон дар бобати маҳдудияти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз он зиёд шуд, ки дар Фаронса як кӯдаки 14-сола ба корманди мактаб бо корд ҳамла кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.