3 Октябр 2026,
шанбе, 05:23, Душанбе
09.06.2025 07:37

Маълум шуд, ки довталабон имсол кай имтиҳон месупоранд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 1-ум то 8-уми июли соли равон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ доир мегардад.

Манбаъ меафзояд, ки дар ин муддат довталабоне дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок мекунанд, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнавис шуда буданд.

Гуфта мешавад, ки аз 1-ум то 8-уми июл довталабон имтиҳонҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро месупоранд.

Марказ миллии тестӣ иттилоъ медиҳад, ки барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 47 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд.

Таъкид мегардад, ки довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.