3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
04.06.2025 14:42

17 медали хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии FEMO

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии FEMO 17 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бинобар иттилои манбаъ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Олимпиадаи байналмилалии FEMO, ки аз 29-ум май то 2-юми июни соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид, 37 хонандаи тоҷик муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар олимпиадаи мазкур намояндагони зиёда аз 18 давлати дунё иштирок намуданд ва ба даст овардани 17 медали хонандагони тоҷик боиси сарфарозист.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.