3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
03.06.2025 07:16

Китоби нав. “Интихоби касб” – роҳнамое барои довталабон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз сад ҳазор нафар мактаби миёнаро хатм мекунанд. Аз ин шумора қисме дар масъалаи интихоби дурусти касб мушкиливу муаммои зиёд доранд. Аз ҷумла, истеъдоди худро кашф карда наметавонанд, дар интихоби касб озод нестанд, ба саволи маъмулии “чӣ гуна касбамро интихоб кунам?” ҷавоби аниқ гирифта наметавонанд ва ҳамчунин, дар ин росто корҳои фаҳмондадиҳиву роҳнамоӣ ниҳоят кам ба назар мерасанд.

Маҳз барои ҳалли ин мушкил ва ба ҷавонон як роҳнамое пешниҳод кардан, китоби “Интихоби касб” бо муаллифии хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ таҳияву нашр гардидааст.

Китоби мазкур фарогири паҳлуҳои муҳимми масъалаи тарзи дурусти интихоби касб аст. Муаллиф доир ба кашфи истеъдод, яъне ҳар кас ба воситаи санҷишҳо маълум мекунад, ки барои кадом касбҳо омода аст, зарурати омӯзишу таҳлили бозори меҳнат, муҳим будани интихоби касбҳои ояндадор, формулаи осон ва санҷидашудаи интихоби дурусти касб сухан ронда, инчунин, дар қисмати охири китоб тавсияҳои чанде аз соҳибкасбонро гирд овардааст.

Китоби “Интихоби касб” на танҳо ба довталабон, балки ба волидон ва омӯзгорон низ тавсия дода мешавад, зеро дар ин масъалаи муҳим онҳо ҳам масъуланд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.