3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
14.05.2025 08:44

12 медали хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Al-Khwarazmi”

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Al-Khwarazmi”, ки яке аз сабқатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ба ҳисоб меравад, сазовори 12 медал гардиданд.

Даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии “Al-Khwarazmi” аз 7-ум то 13-уми май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашта, садҳо хонанда аз ҳашт давлати дунё иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар олимпиадаи мазкур 18 хонандаи тоҷик иштирок намуда, сазовори 12 ҷой, аз ҷумла 1 медали тило, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд.

Зикр мегардад, ки натиҷаи имсолаи хонандагони тоҷик нисбат ба соли қаблӣ се медал зиёдтар мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.