Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Путин супориш дод аз “ҷанги иқтисодӣ”-и Амрико ба нафъи иқтисоди Русия истифода шавад
Дар ҳоле, ки боҷи гумрукии нави Амрико ва ҷангҳои тиҷоратӣ, ки аз он ба вуҷуд омадааст, бисёр кишварҳоро нигарон кардааст, Владимир Путин, президенти Русия аз мақомоти иқтисодии ҳукуматаш хост, аз фурсатҳои бавуҷудомадаи бозор ва шиддат ёфтани ҷангҳои тиҷоратӣ истифода кунанд.
Русия, ки робитаҳои тиҷоратии он бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба сабабҳои таҳримҳо хеле коҳиш ёфтааст, ба боҷҳои гумрукӣ шомил нест.
“Вазъи иқтисоди глобалӣ мураккабтар мегардад, зеро молҳо ва бозорҳои молиявӣ ба далели шиддат ёфтани рақобати ҷаҳонӣ нарасоиҳои назаррасро таҷриба мекунанд”- гуфт Владимир Путин.
Владимир Путин илова кард, ки на фақат бояд ин омилҳоро пайгирӣ кард ва тағйироти онҳоро пешгӯӣ намуд, балки бояд аз фурсатҳои нав барои рушди истеҳсолоти дохилӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ ва содирот барои тақвияти иқтисоди умумии Русия истифода кард.
Ин нахустин изҳороти Владимир Путин дар хусуси вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ аз замони эълони боҷҳои гумрукии Амрико бар зидди як қатор кишварҳо аст. Владимир Путин, ки барои эҷоди сулҳ дар Украина бо Вашингтон гуфтугӯ мекунад, чанд маротиба аз Доналд Трамп ва сиёсати ӯ ситоиш кардааст.
Бар асоси санади Вазорати иқтисоди Русия, ки агентии Рейтерз онро дидааст, Маскав пешгӯӣ мекунад, ки дар ду соли оянда даромадҳо аз ҳисоби нафт ва гази он ба далели коҳиши нархи нафт коҳиш меёбад ва интизор меравад, ки даромадҳо аз содироти энергия мисол 15% коҳиш ёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд