23 Октябр 2026,
ҷумъа, 07:55, Душанбе
19.04.2025 16:29

Манижа Баҳромзода: “Агар илм намебуд, шояд инсоният ҳадафи зиндагиашро намедонист”

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик қайд карда мешавад. Ба ин муносибат Dialog.tj бо Манижа Баҳромзода, номзади илмҳои филологӣ, (доктори фалсафа (PhD), аз рӯйи ихтисоси рӯноманигории байналхалқӣ), ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ доир ба илм, таҳқиқ, фазои илмӣ ва муҳимияту аҳамияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ суҳбат кард.

- Чун суҳбатамон пурра дар бораи илм аст, мехоҳем нахуст доир ба пайвастанатон ба роҳи душвори илму таҳқиқ ба мо бигӯед.

- Роҳи илм як марҳилаест, ки пеш аз ҳама аз шахс завқу хоҳиш, кӯшишу талош ва сабру таҳаммулро тақозо мекунад. Яъне ман гуфтанӣ ҳастам, ки роҳи илм, ки шумо онро душвор унвон кардед, он қадар душвор нахоҳад буд, агар шахс хислатҳои болозикрро дошта бошад. Роҳе, ки маро ба илм пайваст, пеш аз ҳама шомилшавиам ба зинаи доктори фалсафа (PhD), аз рӯйи ихтисос, ки он замон (соли 2015) ин шакли таҳсили баъдидипломӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори аввал роҳандозӣ гардида буд. Албатта, омили дигари ба роҳи илм рӯ овардан маслиҳати бевоситаи падарам буд, ки худ низ номзади илми таърих буданд ва ин марҳила, яъне таҳқиқи рисолаи илмиро гузаштаву аз муҳим будани пажӯҳиши илмӣ дар ҳифз ва муаррифии дастовардҳои таърихии як миллат ва як давлат дар тамоми соҳаҳо, бархӯрдор буданд. Ҳамчунин, устодонам, ки тӯли солҳои донишҷӯӣ ба ман дарс гуфтаанд, барои пайвастани ман ба илм, маслиҳатҳои муфид додаанд.

- Замони донишҷӯӣ мо кам-кам ба Китобхонаи миллӣ мерафтем ва бовар кунед, ҳар вақте ки мерафтем, шуморо медидем. Ба қавле китобхона хонаи дуюматон гардида буд ва маълум мешуд, ки ба таҳқиқ машғулед. Бигӯед, ки дар роҳи душвору ноҳамвори таҳқиқ ба чӣ ноил гаштед ва оё пас аз ҳимоя кардан ин роҳро давом дода истодаед?

- Воқеан ҳам, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки тамоми имкониятро барои пажӯҳишгарон, бахусус пажӯҳишгарони самти рӯзноманигорӣ фароҳам овардааст, на танҳо барои ман, балки барои дигар муҳаққиқон низ мисли хонаи дуюм аст. Маҳз натиҷаи роҳнамоиҳои падар, роҳбари илмӣ ва дигар устодонам буд, ки ман пайваста ба таҳқиқи рисолаи илмиам машғул шуда, онро соли 2021 бомуваффақият ҳимоя кардам. Ҳоло низ аз илм дур нашудаам ва дар шакли мақолаи илмӣ, баъзе натиҷаҳои таҳқиқро нашр менамоям.

- Имрӯз як олими ҷавон чӣ мушкил дорад?

- Фикр мекунам, дар кишвари мо барои як олими ҷавон тамоми шароит муҳайёст. Танҳо аз хоҳишу тасмими ӯ дар роҳи таҳқиқ вобаста аст, ки дар роҳи интихобнамудааш то марҳилаи ниҳоӣ устувор меистад ва ё не. Ва боз, агар муҳаққиқони ҷавон бархе омилҳоро ба инобат бигиранд, дар раванди таҳқиқ ба монеаҳо ё нофаҳмиҳо дучор намеоянд. Аз ҷумла, дар сатҳи илмӣ донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ; бештар рӯ овардан ба китобхонаҳо ҳангоми навиштани рисолаи илмӣ; таҳқиқи мавзуъро нисбат ба дигар корҳо болотар гузоштан ва вақти асосиро ба он ҷудо кардан.

- Ба андешаи шумо кадом омил ё омилҳо сабаби дилгармии ҷавонон ба илм шуда метавонанд?

- Омилҳои дилгармкунанда ё рӯҳбаландкунанда хеле зиёданд. Зеро Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дорад. Таъмин бо стипендия, ки ба маоши як ассистенти донишгоҳ баробар аст, хобгоҳи муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо, ҳамчунин китобхонаи муҷаҳҳаз бо толорҳои рисолаҳои илмӣ, толорҳои хониш бо китобҳои муҳаққиқони дохилу хориҷи мамлакат ва дастрасӣ ба китобхонаҳои электронии кишварҳои хориҷ, аз ҷумлаи он имкониятҳое ҳастанд, ки маҳз барои олимони ҷавон нигаронида шудаанд.

- Таваҷҷуҳи ҷавонон ба таҳқиқ чӣ гуна аст?

- Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷавонон ба илм ва пажӯҳиш бештар гардидааст, зеро таъсиси ниҳоди мазкур имкон фароҳам овард, ки олимони ҷавон рисолаҳои илмии худро на танҳо бо забони русӣ, балки бо забони тоҷикӣ низ дифоъ намоянд.

- Дастрас шудани интернет ба ҳамагон ба фоидаи илм аст ё бар зарар?

- Албатта дастрасии ҳамагонӣ ба интернет ба манфиати илм аст. Чун замони муосир ҳаминро тақозо мекунад, ки илм бо инноватсия ва технологияи рақамӣ пайваст шавад. Яъне интернет монеаҳоро дар соҳаи илм аз байн бурда, олимонро бо ҷомеа наздиктар намуд. Имрӯз як олим метавонад дастовардҳову китобу матолиби худро на танҳо ба китобхонаҳо супорад, балки дар сомонаҳои ин ё он китобхонаи электронӣ низ гузорад. Ин дар навбати худ ба муаррифии илми тоҷик ва дастовардҳои олимони тоҷик мусоидат мекунад. Интернет як воситаи муҳими роҳ ёфтан ба ҷаҳони мутамаддин аст. Маҳз имкониятҳои мавҷудаи он барои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи илму маориф мусоидат менамоянд.

- Илмфурӯширо шумо ҷиноят медонед?

- Ман чунин мешуморам, ки илм чизе нест, ки онро бояд фурӯхт ва олимон нафароне нестанд, ки шахси дигаре ба ҷойи онҳо пажӯҳиш анҷом диҳанд, зеро ҷомеа ҳамеша ба ин ашхос такя ва муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ, таҳқиқи илмӣ бо тавсияву роҳнамоии дигар нафарон, ба монанди роҳбари илмӣ ва дигар устодон ба роҳ монда мешавад, аммо соҳибқалам худи пажӯҳишгар аст. Акнун ҷиноят будан ё набудани илмфурӯширо худи олим ва ҷомеа бояд қазоват кунад.

- То ҷое медонем, ҷомеа бояд аз натиҷаи кори илмӣ баҳрае бардорад, Шумо дар мисоли кори илмии худатон гуфта метавонед, ки чӣ беҳбудие оварда метавонад?

- Албатта, ҳадафи ҳар пажӯҳиши илмӣ барои миллату давлати худ як кашфиёт ё як навгоние ба миён гузоштан аст. Кори ман низ, ки “Нақши матбуоти даврии тоҷик дар инъикоси ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об” унвон дорад, ҳамчун қатрае аз баҳр, то андозае дар мушаххаскунии нақши матбуоти даврии мамлакат ҷиҳати инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим, давоми солҳои 2000-2018, саҳм гузошта, дар соҳаи журналистикаи экологӣ, ба сифати дастури таълимӣ дар муассисаҳои олии мамлакат хидмат расонида метавонад. Натиҷаҳои таҳқиқи рисолаи илмиамро ҳамчунин дар шакли ду монография нашр намудаам, ки барои коршиносони соҳаи экология, сиёсат, журналистика ва доираи васеи хонандагону пажӯҳишгарон нигаронида шудаанд.

- Мо фоидаҳои илмро зиёд дидаем, оё мешавад ҳолате, ки илм бар зарари инсоният бошад?

- Мову шумо худ шоҳид ҳастем, ки ихтирои бештари таҷҳизоти рӯзгори инсоният аз қабили фурӯзонак (лампа), тафдонҳову плитаҳо барои пухтани хӯрок ва нон, телефон ва имрӯз интернет натиҷаи заҳматҳои олимони давр буданд, ки сатҳи зиндагии инсониятро бамаротиб осон кардаанд. Аммо боз инсоният барои дифои амнияти худу миллату давлат ба ихтирои он таҷҳизоте даст задааст, ки метавонад ҳаёти башариятро аз байн барад.

- Се олими тоҷик...

- Асадулло Саъдуллоев, Баҳриддин Камолиддинов, Иброҳим Усмонов.

- Се олими хориҷӣ...

- Фарб П., Коробов Р., Джумагазиева Н.

- Се асари илмии тоҷикӣ...

- “Воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаи инъикоси он дар воситаҳои электронии хориҷӣ”(рисола бо забони русӣ) (Муқимов М.А.), “Нақши ВАО дар баррасии фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (рисола бо забони русӣ) (Сабуров А.З.), “Журналистика ва экология: муаммо ва пешомадҳо (дар мисоли маводи ВАО-и Тоҷикистон) (Яқубов Ҷ.Н.).

- Се асари илмии хориҷӣ...

- «Сlimate change as a Security Risk” (R.Schubert, H.J. Schellnhuber, N. Buchmann and others), “Социальная экология: актуальность, концепция и программы» (Чернышев Н.А., Вовка И.А.), Тема рационального взаимодействия общества с окружающей средой в современных СМИ: проблемно- тематический анализ” (фишурдаи рисолаи илмӣ) (Орлова М. В.).

- Се тавсияи шумо ба муҳаққиқони ҷавон...

- Ба мутолиаи бештари асарҳои илмӣ машғул шаванд, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ ва англисӣ дар сатҳи илмӣ вақт ҷудо намоянд ва технологияи муосирро бо мақсади рушди донишҳои худ аз бар кунанд.

- Ва охир, агар илм намебуд, чӣ мешуд?

- Агар илм намебуд, шояд инсоният ҳадафи зиндагиашро намедонист ва дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ оҷиз мемонд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2025 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.
22.10.2026 10:56

Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон Эронро дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ шикаст додааст. Доналд Трамп Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам намуда, дар мавриди мардуми Эрон суханҳои тавҳиномез гуфт.
22.10.2026 10:44

Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи бунёди зеристгоҳ барои низоми магистралии интиқоли неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шуд.
22.10.2026 10:35

Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.
22.10.2026 10:33

Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
22.10.2026 08:53

Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст

Намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасте дар шаҳри Тошканд нақши муштараки мубориза бо селу ярч ва барномаи таҳким ва тобовар кардани шаҳрҳо дар баробари офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро тасдиқ карданд.
22.10.2026 08:41

Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”

Владимир Зеленский, президенти Украина дар изҳороти нави худ гуфт, ки Русия дар канори Эрон қарор гирифта, ба ин кишвар кумак мекунад. Ӯ аз фаъолияти низомии огоҳкунии пешакӣ бо кумаки иттилоотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқбол намуда, таъкид кард, ки Украина мехоҳад ҳар чи зуд ҷанг дар ин кишвар хотима ёбад.
22.10.2026 08:00

Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷараёни суханронӣ дар ҳузури интихобкунандагони армикоӣ иддао кард, ки агар бо Эрон ҷангро оғоз намекард, ҳоло ин кишвар бо доштани силоҳи атомӣ, метавонист онро бар зидди душманонаш истифода кунад.