Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Духтари Шавкат Мирзиёев: “48 дарсади олимони Ӯзбекистон занон мебошанд”
Саида Мирзиёева, духтари президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии занон дар илм гуфт, ки 48 дарсади донишмандони Ӯзбекистон занонанд.
“Ман ифтихор мекунам, ки ҳимоят аз занон дар илм дар кишвари мо як авлавият аст. Рақамҳо гӯёи ин ҳастанд; 48 дарсад аз донишмандон дар Ӯзбекистонро занон ташкил медиҳанд”.
Саида Мирзиёева дар идома афзуд, ки ин рақам нишондиҳандаи нақши муҳимми занони муҳаққиқ дар рушди илм, технолгия ва навоварӣ аст. Ӯ таъкид кард, ки занони донишманди Ӯзбекистон дар бахшҳои тиббӣ, муҳандисӣ, физик ва экология кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 13-уми февралро ҳамчун рӯзи ҷаҳонии занон дар илм номгузорӣ кардааст. Ҳар сол ин рӯз дар ҷаҳон гиромӣ дошта мешавад.
Дар маросиме, ки рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Тошканд ба ҳамин муносибат доир гашт, дар хусуси густариши фурсати занон дар илм, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шаклдиҳии ояндае, ки дар он илм дар хидмати сулҳу рифоҳ бошад, баҳс ва гуфтугӯ сурат гирифт.
Саида Мирзиёева, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ мекард, ба ҳимояти занон дар соҳаи илм таъкид кард: “Таҳқиқот, навоварӣ ва тааҳҳуди занон ба корашон илҳомбахш аст”.
Саида Мирзиёева, ки ҳоло дастёри падараш – Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, афзуд “Илм ба онҳо ниёз дорад. Мо ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҷоди оянда талош хоҳем кард, ки дар он илм дар хидмати сулҳ ва рифоҳ бошад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд