“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Қазоқистону Қирғизистон аз Иссиккӯл то Алмаато роҳ месозанд
Ҳукумати кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки аз Алмаато то Иссиккӯл роҳ созанд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Қазоқистон ва Қирғизистон, ки бо ширкати Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ҷонибҳо ҳавасандии худро барои татбиқи лоиҳа нишон доданд.
“Қарор шуд, ки аз ҳисоби грантҳои Бонки Осиёии Рушд ба дарозии 280 километр аз Алмаато-Узингаш-Кастек-Михайловка-Чолпан-Ота хати роҳи нав аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок карда, сохта шавад” – таъкид кардаанд маъсулини лоиҳа.
Қобили зикр аст, ки тиҷорат миёни Қазоқистон ва Қирғизистон дар солҳои ахир рушд кардааст. Тиҷорат миёни ин кишварҳо аз моҳи январ-сентябри соли ҷорӣ 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 фоиз афзоиш ёфтааст. То соли 2030 ҷонибҳо мақсад доранд, ки гардиши молро ба 3 миллиард доллар расонанд.
Ду кишвар нақша доранд, ки дар ҳудуди гузаргоҳҳои марзи Қарасу ва Оқ-Тилек маҷмааи саноатии тиҷоратӣ ва логистикӣ бунёд кунанд. Барои сохтамони маҷмаа мазкур аллакай замин ҷудо шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт