Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Ривояти истодагарӣ: духтаре ки нахост ҳазф шавад
Сумкаашро ба китф мегирад, рӯймолашро ба рӯяш мекашад ва чанд лаҳза сукут мекунад. Ӯ нафаси чуқур мекашад, гӯё мехоҳад тарси худро фурӯ барад. То имтиҳони қабул танҳо ду рӯз боқӣ мондааст. Ҳама чиз омода аст: китобҳо, ҳуҷҷатҳо, ҳатто либоси сиёҳе, ки бояд дар рӯзи имтиҳон пӯшад. Аммо ногаҳон телефон занг мезанад ва он ҷумлаи кӯтоҳ ҳама чизро қатъ мекунад: “Аз духтарон имтиҳон гирифта намешавад”.
Барои лаҳзае вақт меистад. Дувоздаҳ соли таҳсил, шабҳои бо чароғҳои хира гузаронидашуда, орзуҳое, ки оромона ва хомӯшона ба воя мерасиданд, ҳама дар як қарори нонавишта қатъ мешаванд. Як саволи вазнин дар зеҳни ӯ чарх мезанад; саволе, ки ҳанӯз ҷавоб надорад: чаро?
Бону Қаҳрамонӣ яке аз ҳазорон духтаронест, ки пушти дарҳои бастаи омӯзиш қарор гирифта ва бо мамнуъияти таҳсил рӯ ба рӯ гашт; мамнуъияте, ки бояд ӯро бозмедошт, аммо ӯ сар хам накард ва аз дили баста будан роҳи наверо барои идомаи ҳаёташ эҷод кард.
Ӯ баҳори соли 2004 дар як деҳаи дурдасти Дойкундӣ таваллуд шудааст; ҷое, ки кӯдакӣ барвақттар ба поён мерасад. Масъулиятҳо барвақттар ба дӯш гузошта мешаванд ва орзуҳо пеш аз шакл гирифтан бо воқеиятҳои сахти зиндагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бемории модараш зиндагиро барои ӯ вазнинтар карда буд. Ҳангоми таҳсил, ӯ ҳамзамон масъули анҷом додани корҳои хона ва нигоҳубини бародаронаш буд. Ҳатто дар он солҳои кӯдакӣ, ӯ маънои “бояд”-ро зудтар аз “мехоҳам” дарк кард.
Бо вуҷуди ин, китоб барояш паноҳ буд. Хондан танҳо як машғулият набуд, роҳе буд барои нафас кашидан. Ҷаҳоне, ки дар саҳифаҳои китоб боз мешуд, ба ӯ омӯхт, ки метавон фаротар аз деворҳо дид. Ин муҳаббати хондан тадриҷан ба навиштан табдил ёфт, ба кӯшиши сабти он чизе, ки гуфта нашуда буд.
Соли охири мактаб душвортарин сол буд. Пас аз суқути ҳукумат, ба духтарон дигар иҷоза дода нашуд, ки ба мактаб раванд. Аммо Қаҳрамонӣ ва чанд нафар аз ҳамсинфонаш пинҳонӣ таҳсилро идома доданд. Субҳи барвақт, бо рӯймолҳои сиёҳ ва рӯйҳои пӯшида, онҳо аз роҳҳои паҳлӯӣ ва масирҳои кӯтоҳи кӯҳӣ бо машаққати зиёд мегузаштанд. Тарс ҳамеша бо онҳо буд: тарси дида шудан, тарси боздоштан, тарси баста шудани ин роҳи нимпинҳон. Бо вуҷуди ин, вай он солро бо ҳама душвориҳояш паси сар кард, соле, ки бештар ба муқовимат мемонд, на ба таҳсил.
Вақте ки дарҳои донишгоҳҳо барои духтарон баста шуданд ва имтиҳони қабул лағв гардид, дар ҳаёти ӯ як холигии бузург ба вуҷуд омад. Ояндае, ки ӯ солҳо ба нақша гирифта буд, ногаҳон нопадид шуд. Лаҳзаҳои ноумедӣ фаро расиданд, аммо онҳо тӯлонӣ набуданд. Бону Қаҳрамонӣ инро дарк кард: агар онҳо роҳро банданд, бояд роҳи дигаре сохта шавад.
Вай забони англисиро омӯхт ва барои имтиҳони TOEFL омодагӣ дид. Моҳҳо таҳсил кард ва тавонист дар Канада стипендия ба даст орад. Аммо ягона маркази расмии имтиҳон барои духтарон баста буд ва ӯ маҷбур шуд имтиҳонро онлайн аз хона супорад: имтиҳоне, ки бо як хатои техникӣ паси дигаре ноком гашт ва такрор карда намешуд. Баъдтар, вай дар имтиҳони Duolingo холҳои хуб гирифт, аммо ин дафъа камбизоатӣ, маҳдудиятҳои сафар ва талаботи парастори мард роҳро баст ва стипендия аз даст рафт. Барои Бону Қаҳрамонӣ ин маънои аз даст додани ояндаеро дошт, ки сазовораш буд; танҳо ба он сабаб, ки вай духтар буд.
Бо вуҷуди ин, ӯ истодагарӣ кард ва нагузошт, ки ин маҳрумият ӯро дигаргун созад ё орзуҳояшро нопойдор гардонад.
Дар ҳамин ҳол, фишори иқтисодии хонавода ӯро маҷбур кард, ки ӯ зудтар вориди бозори кор шавад. Ӯ ҳамчун муаллим кор кард, таҷриба андӯхт ва баъдтар бо хоҳараш як бренди хурди какасозиро роҳандозӣ кард. Онҳо аз сифр оғоз карданд; аз фурӯши маҳдуд дар бозор то муаррифии онлайнӣ. Назарҳои манфӣ, шубҳаҳои атрофиён ва набудани шароит бахше аз ин роҳи душвор буданд. Аммо ин кор танҳо манбаи даромад набуд, он нишонаи талош барои озодӣ, истодан бо пойҳои худ ва рад кардани нопадид шудан буд.
Дар он рӯзҳои торик, вай ба навиштан ҷиддитар рӯ овард. Ӯ шабҳои пур аз ғам, фишори равонӣ ва хастагиро аз сар гузаронд: шабҳое, ки дар онҳо оромӣ вуҷуд надошт. Навиштан ягона роҳе буд, ки ба ӯ барои зинда мондан кумак кард. Ҳосили он шабҳо китобе бо номи “Шабҳои обӣ” шуд; достоне дар бораи духтаре, ки дар ториктарин ва душвортарин лаҳзаҳои ҳаёташ таслим намешавад. Ин китоб барои ӯ бештар роҳи наҷот буд, на барои хонанда; кӯшиши ҳифзи худ ва зинда мондан дар ҷаҳоне, ки мехост ӯро аз байн барад.
Имрӯз, хонум Қаҳрамонӣ дар баробари кори худ дар Донишгоҳи байналмилалии онлайнии Афғонистон бо шавқ равоншиносиро меомӯзад. Таҳсил барои ӯ то ҳанӯз орзу аст; орзуе, ки шаклаш тағйир ёфтааст, аммо хомӯш нашудааст.
Бону Қаҳрамонӣ қаҳрамон нест, чун ҳама чизро бурдааст, қаҳрамон аст, чун истода, ҳатто вақте бохтааст. Чун иҷоза надод маҳрумият ӯро хомӯш кунад. Чун аз дили мамнуъият маъно офарида аст.
Қиссаи ӯ достони ҳазорон духтари дигар аст; духтароне, ки аз таҳсил маҳрум шуданд, аммо аз орзуҳо не. Ривояти хонум Қаҳрамонӣ далели зиндаест бар он ки аз байн бурдани таҳсил поёни роҳ нест, он танҳо шакли муборизаро тағйир медиҳад. Вай то ҳанӯз мехонад, то ҳанӯз менависад, то ҳанӯз эҷод мекунад ва мубориза мебарад, ва ин «то ҳанӯз» муҳимтарин калима дар достони ӯст.
Азиза Муҳаммадӣ
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд