Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Гардиши моли миёни Тоҷикистон ва Русия дар 4 моҳи аввали соли 2025 ба 700 миллион доллар расидааст
Гардиши тиҷорати дуҷониба миёни Русия ва Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли 2025 ба беш аз 700 миллион доллар расидааст. Дар ин бора Соҳибҷон Зиёев, сардори Шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% афзоиш ёфтааст. Соҳибҷон Зиёев гуфт, ки Русия дар миёни ҳамаи шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол мекунад ва ҳиссаи он аз гардиши умумии хориҷии иқтисодии Тоҷикистон 20 фоиз бештар аст.
Ин намояндаи мақомоти Тоҷикистон зикр кардааст, ки чунин нишондиҳандаҳо дараҷаи баланди ҳамкории дуҷонибаро нишон медиҳад ва дорои имкониятҳои бузурги рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар оянда мебошад. Ба таъкиди ӯ, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ду кишвар таъсиси корхонаҳои муштарак, маҳалигардонии молҳои Русия дар кишвар ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, технологияҳои сохтмон ва инфрасохтори шаҳрӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, сармоягузориҳои давлатӣ асосан дар бахши иқтисод афзоиш меёбад. Ин афзоиши сармоягузориҳо имкони васеъ медиҳад, ки ширкатҳои русӣ барои амалӣ кардани ташаббусҳои муҳим, ба мисли “Шаҳри ҳушманд”, “Шаҳри бехатар” ва рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ иқдом кунанд.
Тибқи нашқа ва стратегияи муайянкардаи ҳукуматҳои ду кишвар ниҳодҳои иқтисодии ду ҷониб ҳадаф доранд, ки гардиши тиҷоратро ба арзиши 2 миллиард доллар расонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”