


Хоманаӣ: "Эрон аз Амрико наметарсад ва онро ба тарс водор кардааст"

Исроил Ситоди артиши Сурияро бомбаборон кард

Шумораи исроилиҳое, ки ба Фаластин бармегарданд, коҳиш ёфтааст

Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Посухи журналисти афғон ба зани Халилзод: “Боз гардондани паноҳҷӯён ба Афғонистон фоҷеабор ва хатарнок аст”
Журналист ва ҳомии ҳуқуқи инсони афғонистонӣ Нотиқ Нурзода ба мақолаи навиштаи ҳамсари Зулмай Халилзод, ки дар маҷаллаи “National Interest” нашр шуда буд, вокуниши тунд нишон дод. Шерил Бернард, ҳамсари Зулмай Халилзод, собиқ сафари Амрико дар Кобул ва намояндаи хоси пешини Доналд Трамп дар умури Афғонистон дар ин мақолааш аз ҳузури Толибон дар Афғонистон хушҳолӣ карда, дар бораи суботу амният ва озодии занони Афғонистон ҳарф мезанад ва аз занони афғонистонӣ даъват мекунад, ки ба ватанашон баргарданд. Нотиқ Нурзода дар вокуниши муфассал иддаоҳои Шерил Бернардро дурӯғ ва фиреби афкори умум тавсиф кардааст, ки дар зер шакли комили он пешниҳод мешавад.
“Дар як мақолаи охирин дар маҷаллаи “National Interest” зери унвони “Паноҳҷӯёни афғон набояд аз бозгашт битарсанд” –и Шерил Бернард аз ҳукумати Трамп даъват мекунад, ки барои шаҳрвандони Афғонистон мақоми “ҳимояи муваққатӣ” – ро бекор кунад ва тақрибан 800 нафарро водор ба Афғонистони зери назорати Толибон боз гардонад.
Ба гуфтаи Бернард дигар ҳеч зарурате барои бадарға шудани ин афрод вуҷуд надорад: гӯё Афғонистон акнун ором аст. Иқтисодаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, мушкилоташ на аз мудирияти нодурусти дохилӣ, балки аз таҳримҳои золимонаи байналмилалӣ сарчашма мегирад. Ба бовари ӯ, маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳукумати Толибон барои рафтори бераҳмона бо занон, ақалиятҳои қавмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бедалел ва нодуруст аст.
Вале ин тасвири зебо ва хаёлпарваронаи Шерил Бернард аз Афғонистон дар асл комилан нодуруст ва гумроҳкунанда аст. Ӯ андешаи худро бар пояи чанд нақли шахсӣ баён мекунад, на таҳлили воқеии вазъи ҳуқуқи инсон дар дохили кишвар. Ин равиш кӯшише барои сафед кардани Толибон, яке аз бераҳмтарин ва саркӯбгартарин режимҳои ҷаҳонӣ ба ҳайси як ҳукумати “бефаҳм” аст, ки гӯё агар Ғарб бо он муомила кунад, наздик аст дар масъалаи ҳуқуқи инсон ислоҳ шавад.
Табиист, ки Шерил Бернард сабаби бештаре нисбат ба дигарон дорад, ки зулму ҷиноятҳои режими Толибонро нодида гирад, зеро шавҳараш Зулмай Халилзод шахсан дар ташкили дубораи ин режим нақши калидӣ бозидааст. Халилзод дар мақоми музокиракунандаи аслии ИМА дар Созишномаи нангини Давҳа дар соли 2020 фаъолият дошт. Созишномае, ки боиси озод шудани ҳазорҳо ҷангҷӯёни сарсахти Толибон аз зиндонҳои Афғонистон гардид ва қувваҳои Толибонро пеш аз ҳамлаи барқосои соли 2021 тақвият бахшид.
Бадтар аз ин, дар замони раҳбарии Халилзода ин созишнома на фақат барои Толибон шарту уҳдадорие таъйин кард, балки ягон посухгӯ барои ҷиноятҳои гузашта ё машварат бо ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистонро ҳам дар назар надошт. Ҳатто ҳукумати расмии шинохташудаи Афғонистон дар тарҳи ин созишнома ширкат надошт ва мардуми кишварро ба тамошобини тақдири хеш табдил дод.
Бернард менависад, ки “Толибон нодон нестанд” ва ба онҳо метавон эътимод кард, ки ба бозгаштагон осеб намерасонанд. Албатта, ӯ орзу дорад, ки чунин бошад, зеро агар баръакс шавад, агар паноҳҷӯён пас аз бозгашт ба Афғонистон мавриди таъқиб ва хушунат қарор гиранд, хуни онҳо ба гардани шавҳараш хоҳад буд. Табиист, ки вай намехоҳад чунин натиҷае рӯй диҳад ва бинобар ин, мекӯшад ҷаҳонро бовар кунонад, ки ин тарсҳо беасос мебошанд.
“Беҳбудиҳо” –и Афғонистон рӯйпӯш кардани ҳақиқат аст
Бернард иддао мекунад, ки Вазорати амнияти дохилии ИМА ҳақ дорад, ки паноҳҷӯёни афғонро бозпас фиристад, зеро вазъияти амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон гӯё беҳтар шудааст. Аммо бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ бо ин назар мухолиф мебошанд.
Ба ҳар ҳол, Бернард дар вақти як сафараш ба Кобул, дар кӯчаҳо занонеро дид, ки мева мефурӯхтанд ва бар ин асос ба ин хулоса омад, ки кишвар амн аст. Фақат ба хотири он ки худаш, як зани амрикоии боэътимод ва зери ҳимояи дипломатӣ (ва шояд таҳти назорати доимии Толибон) хуб истиқбол шудааст. Ин як хулосаи бемаънӣ аст.
Аз ҳама тааҷҷубовар он аст, ки Бернард арзишҳои феменистиро барои дифоъ аз режими Толибон ба кор мебарад. Ӯ дидани занон дар кӯча ва фаъолияти онҳоро далели “озодӣ” мехонад, аммо воқеият ин аст, ки ҳамин занон, бо вуҷуди хатар ва фармонҳои Толибон ба кӯча мебароянд ва фаъолияти озод доранд, на аз рӯи ризо, балки ҳамчун саркашӣ. Ҳар чеҳраи бе рӯйпӯш ва ҳар қадами танҳо, на нишонаи таҳаммули Толибон, балки рамзи муқовимати шаҳрвандӣ аст.
Масалан, агар Бернард дар давраи эътирозҳои Маҳсо Аминӣ дар солҳои 2022-2023 ба Эрон мерафт ва занҳои беҳиҷобро дар кӯча медид, оё воқеан метавонист бигӯяд, ки режими руҳониён дигар мардумро ба ҳиҷоб маҷбур намекунад?
Албатта, ин як фарзия аст, вале дар Афғонистон табъизи ҷинсӣ воқеияти талх аст. “Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” –и Толиблн бо як санади расмии 114 саҳифагӣ тамоми рафторҳое, ки Бернард ба шакли “маъмулӣ” васф мекунад, ҷиноят эълон кардааст.
Гӯё ин қонунҳо иҷро намешаванд, вале дар тақрибан чор соли гузашта ҳазорон зан латукӯб ва ҳатто нопадид шудаанд. Табдил шудани ин гуна муқовиматҳои шаҳрвандӣ ба нишони “пешрафт” ва гуфтан, ки Толибон дар ҳоли ислоҳанд, на фақат таҳқиромез, балки ахлоқан ғалат ва хиёнат ба арзишҳои феминистиест, ки гӯё Бернард аз он дифоъ мекунад.
Шерил Бернард комилан дар хусуси ҷомеаи Афғонистон иштибоҳ мекунад
Таҳлили Бернард дар бораи фарҳанги Афғонистон аз ҳама бештар нишон медиҳад, ки ӯ то куҷо аз воқеият дур ва аз воқеиятҳои ҷомеа бехабар аст. Ӯ иддао мекунад, ки Афғонистон як “ҷомеаи асри миёна” аст, ки арзишҳои “муосир” дар бораи ҳуқуқи занон барои онон бегонаанд ва наметавонанд бе ҳимояти сунъии ғарбӣ барҷо монанд.
Ин дар беҳтарин ҳол фаҳмиши хато ва дар бадтарин ҳол содангории шарқшиносона (ориенталистӣ) аст. Афғонистон муттаҳид нест, он як мозаика аз миллатҳо, забонҳо ва сабкҳои зиндагӣ аст. Албатта, дар бисёре аз минтақаҳо, бахусус ҷанубу шарқи паштуннишин, ки пойгоҳи аслии Толибон аст, меъёрҳои сахти қабилавӣ ҳоким аст. Аммо ин меъёрҳо тамоми ҷомеаи Афғонистон ё мероси онро намояндагӣ намекунад.
Ҳазораҳо, тоҷикон, паштунҳои зидди Толибон ва дигар қавмҳо дар саросари кишвар аз дер боз арзишҳои пешрафтатарро дар бораи таҳсил, нақши занон ва ширкати онҳо дар ҷомеа ҳимоят кардаанд.
Гуфтани он ки Афғонистон “асримиёнагӣ” аст, ҳам таърихан хом ва ҳам аз назари сиёсӣ хатарнок аст. Ин ба сиёсатҳои ақибгарои Толибон ранги “фарҳангӣ” медиҳад, дар ҳоле ки воқеият он аст, ки ин сиёсатҳо ба зӯр таҳмил шудаанд ва бо муқовимати фаровон рӯ ба рӯ мебошанд. Ин таърихи даҳсолаи муборизаи муосир, бахусус муборизаи занонро, ки ҷомеаи шаҳрвандиро раҳбарӣ карда, ниҳодҳо бунёд намуда ва дар ҳукумати ҷумҳурӣ хидмат кардаанд, нодида мегирад.
Ин занон даъвои кӯдакона ва таҳқиромези Бернардро рад мекунанд, ки гӯё занони афғон ба таври табиӣ ба “зиндагии суннатӣ ва арзишҳои деҳотӣ” гароиш дошта бошанд. Тавре интизор мерафт, Бернард ҳатто як бор номи онҳо ё саҳмашонро зикр намекунад.
Иддаоҳои дигари ӯ, на фақат таҳрифи таърих, балки воқеан дурӯғ мебошанд. Масалан, Бернард мамнуъ будани таҳсили духтарон пас аз синфи шашро нодида мегирад ва мегӯяд, ки мактабҳои хусусӣ ҳамоно фаоланд ва духтарон метавонанд таҳсил кунанд. Ин комилан нодуруст аст. Дар моҳи августи соли 2024, баъди паҳн шудани овозаҳо дар бораи боз шудани баъзе мактабҳои хусусӣ, худи Толибон расман таъйид карданд, ки ҳамаи мактабҳои миёнаи духтарона, аз ҷумла муассисаҳои хусусӣ, баста хоҳанд монд.
Имрӯз оилаҳо дар саросари Афғонистон маҷбур ҳастанд, ки миёни таҳсили пинҳонӣ, муҳоҷират ё таслим шудан ба маҳдудиятҳои Толибон якеро интихоб кунанд. Бисёре аз духтарону занон барои таъмини ояндаи беҳтари фарзандонашон кишварро ба сӯйи ҳамсояҳо тарк мекунанд. Дигарон дар дохили Афғонистон таҳсили пинҳонӣ ва онлайнро идома медиҳанд, бо хатари доимии ҳамла ва таъқиби Толибон.
Албатта Бернард ҳақ дорад, ки гӯяд фасод дар низоми таҳсилоти ҳукумати қаблӣ зиёд буд: омори сабти ном сохтакорӣ мешуд, бисёре аз омӯзгорон сатҳи пасти тахассус доштанд ва маошҳо ғорат мешуданд. Аммо ҳатто худаш ҳам эҳтимолан эътироф мекунад, ки як низоми фасодзадаи боз беҳтар аз як низоми “ростқавл”, вале баста аст.
“Сулҳ” –и Толибон сулҳ нест, балки хомӯшии ба зӯрӣ аст
Шерил Бернард Толибонро барои коҳиши хушунат дар Афғонистон ситоиш мекунад, вале нодида мегирад, ки маҳз худи онҳо сабабгори ҳамон харобиву хунрезиҳое будаанд, ки акнун гӯё “хотима” додаанд. Ин мисли он аст, ки як оташзанро барои хомӯш кардани сӯхторе, ки худ афрӯхта, таҳсин кунем.
Бернард бо таҳсини худ, ҳамчунин, қатлҳои ҳадафмандона, нопадид шудани рӯзноманигорон ва таъқиби ақаллиятҳоро, ки то ҳол зери ҳукумати Толибон идома доранд, сарфи назар мекунад. Он чи имрӯз “сулҳ” номида мешавад, дар асл фақат тағйири шакли низоъ аст: ҷабҳаҳо аз кӯчаҳои пур аз бомба ва тирандозиҳо ва утоқҳои бозпурсӣ ва рейдҳои шабона кӯч бастаанд. Бар асоси гузориши СММ садҳо куштор ва нопадидшавӣ аз рӯзи тасарруфи қудрат ба қайд гирифта шудаанд. Зӯроварии рӯирости Толибон акнун ба шакли зулми доимӣ ва нафасгиркунанда зоҳир мешавад.
Гуфтани он ки ин вазъ нисбат ба ҷанг беҳтар аст, иштибоҳест фоҷеавӣ: ин фақат хомӯшии маҷбуриро бо амният омехта мекунад. Хомӯшии маҷбурӣ амният нест. Хулосаи пешниҳодии Бернард чунин аст: Толибон аз ҳукумати “нокомил, вале ҳукумати нарм” месозанд, ки гӯё аз усулҳои худ гузаштаанд ва барои беҳбуди ҳаёти мардум мекӯшанд. Аммо ин тасвири тираву ғурборолуд наметавонад воқеиятро пинҳон созад.
Толибон як низоми золим ва хашинро бунёд кардаанд, ки бо қонунҳои худсохта, дастгирии терроризм ва шиканҷаи мардум амал мекунад. Афғонистони таҳти назорати Толибон ҷое нест, ки паноҳҷӯён бояд ба он боз гардонида шаванд ва ҳеч ҳукумате набояд бо чунин режим ҳамкорӣ кунад ё онро эътироф намояд.
Бадтар аз ин, Бернард бо осонӣ пешгӯӣ мекунад, ки гӯё бозгашти паноҳҷӯён метавонад Толибонро “муътадил” гардонад. Аммо чаро ва чӣ гуна? Оё роҳбарони Толибон паноҳҷӯёни баргаштаеро ба сафи худ мегиранд ва ба ислоҳ мепардозанд? Оё сиёсати худро барои онҳо тағйир медиҳанд? Дар асл, аксари паноҳҷӯён маҳз ба хотири тарси таъқиб, шиканҷа ё марг фирор кардаанд. Мумкин аст Толибон ба шарти таслими комили онҳо “бахшиш” кунанд, аммо эҳтимоли баръакс ҳам хеле бузург аст.
Боз гардонидани паноҳҷӯёни афғон на фақат хатарнок ва фоҷеабор аст, балки он як хиёнат ба ваъдаҳои амният ва паноҳест, ки Амрико ба онҳо дода буд. Бернард ин хиёнатро сафед кардан мехоҳад. Ӯ барои авторитаризм баённомаи маъразхоҳӣ навиштааст, аз ҷои амн, бо гӯшҳои кар ба садои мардуми афғон, ки бо ҷон барои барнагаштан мубориза мекунанд.
Агар Шерил Бернард ва котиби давлатӣ Ноэм хоҳанд ҳақиқатан Афғонистонро дарк кунанд, бояд ба садои занон гӯш диҳанд, ки барои iPad қаҳвахонаҳо намеҷанганд, балки барои ҳаққи омӯзиш, кор, сухан гуфтан ва зиндагии боиззат мубориза мекунанд. То он рӯз “саёҳати интихобӣ” на таҳлили сиёсист ва на таҷрибаи дипломатӣ, балки шарик будан дар як ҷинояти бузург аст.
Хатти хабарҳо
Гулмурод Ҳалимов ба вилояти Тахори Афғонистон интиқол ёфтааст
Шартномаи нав ва рақами ифтихорӣ. Давоми роҳи Ламин Ямал дар “Барселона”
Давраи мутобиқшавӣ. Синфи якум чӣ гуна имсол ба мактаб меравад?
Суғд: Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шашмоҳаи аввал назаррасанд
