Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Паёмади таҷовузи Арманистон ба Озарбойҷон: Бартараф кардани таҳдиди минаҳо
Озарбойҷон ба қатори кишварҳое шомил аст, ки дорои майдонҳои зиёди минагузорӣ мебошанд. Дар тӯли тақрибан сӣ соли ишғоли ҳарбии қаламравҳои Озарбойҷон аз ҷониби Арманистон, тақрибан 1,5 миллион минаи заминӣ ва теъдоди беандозаи васеи дастгоҳҳои тарканда насб карда шудаанд.
Дар асл, оқибатҳои харобиовари ҷанги зидди Озарбойҷон решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Мардуми Озарбойҷон ваҳшонияти бесобиқа, харобшавии шаҳру деҳот, ғорату нобудсозии мероси ғании фарҳангӣ, талафоти захираҳои табиӣ ва зарари ҷиддии муҳити зистро аз сар гузарониданд. Бо вуҷуди ин, ҳузури доимии минаҳои заминӣ ин ранҷу азобҳоро идома медиҳад ва то ба имрӯз боиси захмӣ шудан ва фавти шаҳрвандони Озарбойҷон мегардад. Ин монеаи ҷиддӣ барои барқарорсозии қаламравҳои озодшуда ва бозгашти собиқ кӯчонидашудагон ба манзилҳои аслии худ пас аз тақрибан 30 соли ишғоли низомӣ ва поксозии қавмӣ гардидааст. Ин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки яке аз ҳадафҳои аслии минагузории васеъ дар қаламравҳои Озарбойҷон аз ҷониби Арманистон пешгирӣ кардани бозгашти иҷбории муҳоҷирон ва монеъ шудан ба рушди ин минтақаҳо будааст.
Минагузорӣ на танҳо дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона сурат гирифт, балки баъд аз анҷоми ҷанг дар соли 2020 низ идома ёфтааст. Арманистон то он замон ба минагузории қаламравҳои Озарбойҷон машғул буд, ки нерӯҳои он дар натиҷаи амалиёти маҳдуди зиддитеррористии ҷониби Озарбойҷон, ки моҳи сентябри соли 2023 анҷом дода шуданд, маҷбур ба тарки ин қаламравҳо гардиданд. Дарёфти минаҳое, ки дар Арманистон истеҳсол шудаанд ва соли 2021 дар қаламрави Озарбойҷон кашф гардиданд, боз як далели раднопазирест, ки чунин амалҳо қасдона ва ҳадафмандона бо мақсади пешгирӣ аз бозгашти аҳолӣ ба зодгоҳҳояшон ва расонидани зиёни бештар ба аҳолии осоишта анҷом дода шудаанд.
Аз 10 ноябри соли 2020 — рӯзи анҷоми низоъ — то декабри соли 2024, дар натиҷаи таркиши минаҳои заминӣ 382 нафар шаҳрвандони Озарбойҷон, аз ҷумла занон ва кӯдакон, қурбон шудаанд. Ҳамзамон, шумораи умумии қурбониён аз замони оғози ишғоли ҳарбии қаламравҳои Озарбойҷон аз 3400 нафар ҳам гузаштааст. Ин омор ба таври равшан шаҳодат медиҳад, ки хатари пинҳонӣ ва бераҳмонаи минаҳо то ба имрӯз боқӣ мондааст ва ҳамоно ба ҳаёти одамони бегуноҳ таҳдид мекунад.
Саркашии доимии Арманистон аз пешниҳоди харитаҳои майдонҳои минагузорӣ раванди безараргардонии минаҳоро дар қаламрави Озарбойҷон ба таври ҷиддӣ душвор месозад. Бо вуҷуди он ки таҳти фишори ҷомеаи байналмилалӣ Арманистон ниҳоятан баъзе харитаҳоро пешниҳод намуд, дақиқии онҳо ҳамагӣ 25 фоизро ташкил медод. Аммо пас аз анҷоми ҷанги соли 2020 таркиши минаҳо дар минтақаҳое ба амал омад, ки дар ин харитаҳои нопурра умуман зикр нашуда буданд. Ин вазъ далели равшани он аст, ки Арманистон қасдан ба ҳаёти инсон ва меъёрҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ беэътиноӣ мекунад.
Ғайр аз хатарҳои мустақим ба ҷони одамон, таркиши минаҳои заминӣ боиси таназзули замин, ифлосшавии муҳити зист, монеа дар истеҳсоли эҳтимолии маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъхири ҷиддӣ дар ҷараёни барқарорсозӣ ва бозсозии қаламравҳои озодшуда мегардад. Мушкилоти минаҳои зиддипиёдагард ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, безараргардонии онҳо ба як зарурати башардӯстона ва амали фаврӣ табдил ёфтааст.
Бо дарназардошти миқёсу паёмадҳои ҷиддии мушкилоти марбут ба минаҳо, Озарбойҷон безараргардонии башардӯстонаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати миллии худ муайян кардааст.
Ҳукумати Озарбойҷон барои поксозии минтақаҳои ифлосшудаи кишвар тамоми чораҳои заруриро меандешад. Агентии зидди минаҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки соли 1998 таъсис ёфтааст (он замон бо номи Агентии миллии Озарбойҷон оид ба минаҳо), дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ — Вазорати мудофиа, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Хадамоти давлатии сарҳадӣ — ва инчунин бо шарикони байналмилалӣ фаъолона ба ошкор ва нестсозии минаҳо ва боқимондаҳои маводи таркандаи ҷанг машғул мебошад. Аз замони анҷоми ҷанг дар соли 2020 то имрӯз, дар маҷмӯъ 166 000 гектар замин тоза гардида, аз он ҷумла 54 500 адад мина ва тақрибан 105 000 маводи тарканда бомуваффақият безарар гардонда шудаанд. Майдони тозашуда тақрибан 14,2 фоизи минтақаҳои тахминан ифлошударо ташкил медиҳад, дар ҳоле ки шумораи минаҳои ошкоршуда танҳо 3,6 фоиз аз 1,5 миллион минаи тахминшударо дар бар мегирад.
Мо аз шарикони худ барои таваҷҷуҳи онҳо ба мушкилоти марбут ба минаҳо ва саҳмашон дар раванди безараргардонии башардӯстона дар қаламрави Озарбойҷон изҳори миннатдорӣ менамоем. Бо вуҷуди ин, кумаке, ки то имрӯз расонида шудааст, ба таври возеҳ нокифоя буда, ҷавобгӯй ба миқёси мушкилот намебошад.
Бояд зикр кард, ки беш аз 90 дарсади корҳои марбут ба тасфияи минаҳо дар Озарбойҷон аз ҳисоби захираҳои миллӣ маблағгузорӣ мешаванд. Барои Озарбойҷон ранҷу азобе, ки ин офати сунъӣ ба бор овардааст, воқеаи гузашта нест, балки як мушкили доимӣ ва мубрам боқӣ мондааст. Ин хатар то ба имрӯз ҷони одамонро мегирад ва монеаи ҷиддӣ барои татбиқи талошҳои барқарорсозӣ ва бозсозии минтақаҳои осебдида мебошад. Аз ин рӯ, бо назардошти аҳамияти инсондӯстона, зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии худро барои таҳкими иқтидори миллӣ ва густариши корҳои безараргардонӣ дар Озарбойҷон ба хотири наҷоти ҳаёти инсонӣ боз ҳам бештар тақвият диҳад.
Озарбойҷон кишвари осебдида аз таҳдиди минаҳо дар асоси таҷрибаи худ аҳамияти фавқулодаи ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо хуб дарк мекунад. Ҳангоме ки Озарбойҷон барои ҳалли мушкилоти дохилии марбут ба минаҳо талош меварзад, ҳамзамон саҳми арзишманди худро дар талошҳои байналмилалӣ низ мегузорад. Озарбойҷон дар барномаҳои тозакунии минаҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Туркия, Гурҷистон, Афғонистон ва Украина иштирок кардааст, ки ин худ шаҳодати мавқеи фаъол ва масъулиятшиносонаи он дар саҳнаи байналмилалӣ мебошад.
Аз замони анҷоми низоъ дар соли 2020, Озарбойҷон се конфронси байналмилалиро оид ба масъалаи минаҳо баргузор намудааст, ки дар онҳо намояндагони мухталиф аз ҷумла ҳимоятгарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳаи безараргардонӣ иштирок намуданд. Чунин ҳамоишҳо аз он ҷиҳат аҳамияти махсус доранд, ки ба густариши муколама, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатарҳои марбут ба минаҳо мусоидат мекунанд.
Соли 2023, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷаноби Олӣ Илҳом Алиев, ҳаракати кишварҳои ғайримансуб — Гурӯҳи тамос оид ба безараргардонии минаҳо — таъсис дода шуд. Ин ташаббус ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти безараргардонии минаҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва табодули таҷрибаҳои пешрафта равона гардидааст.
Илова бар ин, бо ташаббуси Озарбойҷон дар ҷаласаи 15-уми кишварҳои узви Конвенсияи Гаагаи соли 1954 оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар ҳолати низоъҳои мусаллаҳона, қатъномаи махсус таҳти унвони «Таъсири минаҳои заминӣ ба арзишҳои фарҳангӣ» қабул гардид. Ин санад нахустин ҳуҷҷат дар таърихи ЮНЕСКО маҳсуб меёбад, ки таҳдиди минаҳои заминӣ ба мероси фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Қатънома ба таҳдиди ҷиддие, ки минаҳои заминӣ ва маводи таркандаи боқимонда барои мероси фарҳангӣ ба бор меоранд, таъкид мекунад ва зарурати мубодилаи иттилои дақиқ дар бораи ҷойгиршавии минаҳо ва таъмини дастрасии амн ба маконҳои фарҳангиро зикр менамояд. Мутобиқи ин қатънома, 3 майи соли 2024 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар доираи Форуми 6-уми ҷаҳонӣ оид ба муколамаи байнифарҳангӣ, як конфронси махсуси якрӯза баргузор гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими Озарбойҷон дар ин самт эълон шудани безараргардонии башардӯстона ҳамчун Ҳадафи 18-уми миллӣ дар чаҳорчӯби рушди устувор мебошад. Баъдан, ин ташаббус барои шомил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ пешниҳод гардид.
Тавре ки дида мешавад, иштироки фаъоли Озарбойҷон дар ҳалли мушкилоти марбут ба минаҳои заминӣ на танҳо ҷустуҷӯи кӯмак, балки ифодаи равшани ӯҳдадории башардӯстонаи он дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин ҳавасмандӣ, пеш аз ҳама, аз муносибати инсонмеҳвар бармеояд, ки таъсири манфии ин мушкилотро ба инсоният дар маҷмӯъ эътироф мекунад.
Мо боварӣ дорем, ки бо муттаҳид сохтани кӯшишҳо метавон ҳаётҳоро наҷот дод ва ба ояндае роҳ кушод, ки дар он ҳеҷ кас — на мард, на зан ва на кӯдак — зери таҳдиди ин қотилони хомӯш зиндагӣ накунад.
Ин роҳ душвор аст ва фидокорӣ ва амали дастаҷамъиро талаб мекунад. Дастгирии Озарбойҷон дар талошҳои худ барои тозакунии минаҳо на танҳо барои табобати захмҳои таҷовуз ва ишғол мусоидат мекунад, балки инчунин заминаи муҳимеро барои барқарорсозии ҳудудҳо ва бозгашти аҳолии озарбойҷонӣ ба манзилҳои худ фароҳам меорад. Ин раванд метавонад таҷрибаи дардноки як минтақаи осебдидаро ба намунаи рӯҳияи умед ва эҳё барои дигар гӯшаҳои ҷаҳон табдил дода нишон диҳад, ки ирода ва ҳамкории инсонӣ то чӣ андоза қодир аст зиндагиро барқарор намояд ва барои наслҳои оянда ҷаҳони амн ва дурахшонро таъмин созад.
Маводи мазкур ба Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон тааллуқ дошта, бидуни таҳрир нашр карда мешавад ва мавқеи расонаро ифода намекунад
Муаллифи мавод: Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд
