


Хоманаӣ: "Эрон аз Амрико наметарсад ва онро ба тарс водор кардааст"

Исроил Ситоди артиши Сурияро бомбаборон кард

Шумораи исроилиҳое, ки ба Фаластин бармегарданд, коҳиш ёфтааст

Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Талоши Толибон барои эҳёи имиҷи байналмилалӣ: Мероси фарҳангӣ дар маркази таваҷҷуҳ
Дар ҳоле ки дар давраи аввали ҳокимияти худ дар соли 2001 гурӯҳи Толибон бо инфиҷори муҷассамаҳои маъруфи Будо дар Бомиён хисорати бузурге ба мероси фарҳангии Афғонистон ворид карда буд, акнун дар давраи дувуми ҳукмронии худ талош дорад, барои муҳофизати осори таърихӣ, бахусус мероси пеш аз ислом, иқдом намояд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин гардиши сиёсатҳои фарҳангии Толибон беш аз ҳама ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳадафи он беҳбуд бахшидани симои байналмилалии гурӯҳ аст. Валери Ферланд, мудири Бунёди эътилофи байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангӣ дар минтақаҳои ҷангзада ба хабаргузории “Франс-пресс” гуфтааст, Толибон бо хароб кардани муҷассамаҳои Бомиён зарбаи ҷиддӣ ба эътибори байналмилалии худ задаанд ва ҳоло талош доранд, он образро ислоҳ кунанд.
Дар чаҳор соли ахир, мақомоти Толибон борҳо аз зарурати ҳифзи осори таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои пеш аз исломӣ сухан рондаанд ва иқдомоти ғайриинтизореро, монанди бозкушоии Осорхонаи миллии Кобул ва даъвати Бунёди Оқохон барои ҳифзи шаҳрҳои қадима дар наздикии Майдони Мис Айнак анҷом додаанд.
Коршиносон бар инанд, ки мероси фарҳангӣ барои Толибон, ки то ҳол ҳеч кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст, метавонад ҳамчун абзори рушди иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳон истифода шавад.
Ба иттилои “Франс пресс”, кашфиёти бостоншиносӣ, хусусан аз давраи буддоӣ, дар ду соли ахир афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Гаварҷон, воқеъ дар шарқи Кобул, ғорҳое аз давраи империяи Кушонӣ (асрҳои I–III милодӣ) ошкор шудаанд, ки дар онҳо катибаҳо бо хатти Браҳмӣ ва асбоби истеҳсоли шароб ёфт гардидааст.
Мақомоти Толибон, аз ҷумла Муҳаммад Яъқуб Аюбӣ, раиси раёсати фарҳанг ва сайёҳии ҳукумат дар Кобул, таъкид мекунанд, ки таърихи Афғонистон беш аз панҷ ҳазор солро дар бар мегирад ва набояд фарқияти динӣ боиси нодида гирифтани осори таърихӣ гардад.
Бо вуҷуди ин, чолишҳое чун камбуди маблағ, набудани мутахассисон ва адами эътирофи байналмилалӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи муҳофизати мероси фарҳангии кишвар боқӣ мемонанд. Ҳамзамон, гузоришҳо аз ғоратгарӣ ва нигоҳдории нодурусти ашёи таърихӣ нигарониҳоро зиёдтар намудаанд. Тибқи пажӯҳише, ки дар маҷаллаи «Science» дар соли 2023 нашр шуд, Толибон ба дуздии густардаи ёдгориҳои таърихӣ муттаҳам мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар дохили низоми ҳокими Толибон нафаре нест, ки бо созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳифзи осори таърихӣ музокирот барад. Таваққуфи ҳама гуна кумакҳои байналмилалӣ ва маҳдудияти фаъолият барои созмонҳои ғайридавлатӣ низ вазъро боз ҳам мураккабтар кардааст.
Коршиносон шубҳа доранд, ки ин тағйири рафтори Толибон метавонад муваққатӣ ва рамзӣ бошад ва дар сурати тағйири шароит, ин гурӯҳи террористӣ дубора ба муносибати нобудсозӣ баргардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гулмурод Ҳалимов ба вилояти Тахори Афғонистон интиқол ёфтааст
Шартномаи нав ва рақами ифтихорӣ. Давоми роҳи Ламин Ямал дар “Барселона”
Давраи мутобиқшавӣ. Синфи якум чӣ гуна имсол ба мактаб меравад?
Суғд: Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шашмоҳаи аввал назаррасанд
