Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Нозанин Фарзадифар: “Таҳримҳо Эронро қавитар мекунад”
Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 40 сол аст, ки бо таҳримҳои шадиди ИМА ва Аврупо рӯ ба рӯ аст. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бо баҳонаи мухталиф, аз ҷумла барномаи атомӣ, ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз гурӯҳҳои муқовимат ва ғайра Эронро таҳрим кардаанд. Шумораи қатънома ва санадҳои вобаста ба таҳрими Амрико ва Аврупо бар зидди Эронро бархе сарчашмаҳо наздик ба 3000 ҳазор гуфтаанд. Мақомоти Эрон низ борҳо гуфтаанд, ҳеч таҳриме боқӣ намонд, ки Амрико ва шариконаш ҷорӣ накарда бошанд. Оиди хусусияти таҳримҳои соҳавӣ инҷо мусоҳибаи журналист Кристина Бородавкоро бо доктор Нозанин Фарзадифар, раиси Ҷамъияти гемофилияи ҶИЭ, ки дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии нанотехнологияи Теҳрон - 2024 гирифта шуд, меорем.
Кристина Бородавко: - Таҳримҳо бар зидди ҶИЭ аз кай оғоз гардиданд ва онҳо кадомҳо буда, чӣ хусусиятҳо доштанд?
Нозанин Фарзадифар: - Пас аз Инқилоби Исломӣ дар соли 1970 аз ибтидои нахустин рӯзҳои ҳукуматдорӣ Эрон ҳадафи фишор ва таҳримҳои ҷаҳонӣ, махсусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор гирифт. Мардуми Эрон пас аз солҳои тӯлонӣ, ки дар зери режими диктатурии Шоҳ зиндагӣ ба сар мебурданд, мехостанд роҳи мустақил ва озодро интихоб кунанд. Ҳузури пуршӯри мардум барои сарнагун намуди режими шоҳӣ ва фаро хондани роҳбари Инқилоби Исломӣ аз шаҳри Парижи Фаронса ба Теҳрон баёнгари руҳияи инқилобӣ ва қабули низоми нав буд. Аврупо ва Амрико ин истиқлолро ҳамчун таҳдид ба манофеи геополитикии худ қабул намуданд. Нахустин таҳримҳо бо баҳонаи гаравгонгирии кормандони сафорати Амрико дар Теҳрон ҷорӣ шуд. Эрон гаравгонҳоро озод кард, вале сиёсати таҳрим тағйир наёфт. Мушаххас буд, ки Амрико Эрони мустақил ва таъсиргузор дар минтақаро қабул намекунад. Аз он рӯз, ба ҳар қадам ва ҳар иқдоми тавсеаи мустақили Эрон бо таҳрим ва маҳдудият посух дода шуд. Бо гузашти солҳо баҳонаҳо зиёд мешуданд: барномаи атомӣ, пуштибонӣ аз гурӯҳҳои муқовимат ё ҳатто фаъолиятҳои иқтисодии мустақилонаи Эронро ҳамчун таҳдид арзёбӣ мекарданд.
Баъди муддате қатъномаҳои гуногун ҳамчун абзори фишори сиёсӣ дар қолаби ҳуқуқи байналмилалӣ содир шуд. Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар миёни солҳои 2006 то 2010 чор қатъномаи асосӣ бар зидди Эрон қабл кард. Ҳар кадоме аз ин қатъномаҳо абзори фишор буд, на воситаи ҳалли мусолиматомези масъалаҳо. Аз соли 2006 ба ин тараф қатъномаи маҳдудкунандаи сахт дар Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди Эрон содир шуд.
Қатъномаи 1696 дар соли 2006. Ин қатънома Эронро водор мекард, ки ғанисозии ураниумро қатъ намояд, ҳарчанд Эрон чандин бор изҳор дошт, ки барномаи атомияш сулҳомез аст ва таҳти назорати Агентии байналмилалии атомӣ қарор дорад. Амрико ва Аврупо ба ин далел гӯш надоданд.
Қатъномаи 1737 дар моҳи декабри соли 2006 содир шуд. Ин қатънома таҳримҳои молиявӣ ва манъ кардани итиқоли технологияҳои атомӣ ва баллистикӣ ба Эронро пешбинӣ мекард. Ҷолиб он буд, Исроил дар ҳоле ки соҳиби садҳо кӯлоҳаки атомӣ буд, ҳеч гоҳ зери чунин фишор набуд, аммо Эрон фақат барои кӯшиши рушди технологияи сулҳомези атомӣ зери таҳрим қарор гирифт.
Қатъномаи дигар дар моҳи марти соли 2007 содир шуд. Ин қатънома таҳримҳоро густариш дод, дороиҳои шахсони вобаста ба барномаи атомии Эронро масдуд кард ва ба кишварҳо дастур дода шуд, ки дар муомила бо Эрон эҳтиёткор бошанд. Ин дар ҳолест, ки Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ борҳо тасдиқ мекард, ки Эрон дар доираи созишномаҳо амал мекунад.
Қатъномаи 1929 моҳи июни соли 2010 шадидтар ва ҳамаҷониба буд. Он на танҳо таҳримҳои молиявӣ ва саноатиро бештар кард, балки кишварҳоро аз фурӯши силоҳ ба Эрон манъ намуд. Ҳамчунин, кишварҳоро аз ҳамкорӣ дар бахши муомилаи нафту гази Эрон манъ кард. Таҳримҳое, ки бо баҳонаи “амнияти ҷаҳонӣ” бар зидди Эрон ҷорӣ мешуданд, як навъ ҷанги иқтисодии Амрико ва ҳампаймононаш бар зидди ин кишвар буданд.
Мақомоти Эрон борҳо ин қатъномаҳоро сиёсӣ ва бар хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ номидаанд. Президенти пешини Эрон, ки таҷрибаи музокира ва созиш бо Амрикоро дорад, гуфта буд, ки “Ин қатъномаҳо нишон медиҳанд, ки адолат дар ҷаҳон зери фишори манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо поймол мешавад”.
Кристина Бородавко: - Амрико дар иҷрои БАРҶОМ паймоншиканӣ карда ва музокираро дар робита ба он нодида гирифт. Ин ҳолат ҶИЭ-ро то кадом андоза нигарон ва бебовар намуд?
Нозанин Фарзадифар: - Дар соли 2015 таҳаввули чашрас дар муносибати дипломатӣ миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову ҳампаймононаш ба вуҷуд омад. Тамоми ҷаҳон шоҳиди фароянди ба тафоҳум расидани Амрико ва Эрон буданд ва тасаввур ин буд, ки дигар масъалаи барномаи атомии Эрон ва нигарониҳои вобаста ба он поён ёфт. Имзои тафоҳумнома таҳти унвони Барномаи ҷомеаи иқдоми муштарак миёни Амрико ва Эрон бурди дипломатӣ дар асри XXI номида шуд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин созишномаи мазкурро имзо намуданд.
Ҳадафи имзои тафоҳумнома ҳалли ихтилофоти барномаи атомии Эрон бо роҳи музокира буд. Эрон розӣ шуд, ки ғанисозии уранро то сатҳи 3,67% маҳдуд кунад. Ҳамчунин, шумораи сентирфуржаҳоро камтар кунад. Сатҳи захираи урани ғанишударо ба сатҳи 300 кг поин барад. Эрон қабул карда буд, ки Агентии байналмилалии атомӣ (МАГАТЭ) барномаи сулҳомези атомиро пайваста назорат кунад. Бар ивази иҷрои ин уҳдадориҳо аз сӯйи Эрон, бояд тамоми таҳримҳои байналмилалӣ бардошта мешуданд. Рӯзи имзои созишнома мардум дар кӯчаҳои Теҳрон бо хурсандӣ аз муваффақияти дипломатии ҳукумат истиқбол намуданд. Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар пайи имзои созишнома гуфт: “Мо собит кардем, ки бо эҳтиром, гуфтугӯ ва риояи ҳуқуқи ҳар ду тараф метавон баҳси атомиро ба суди миллат ҳал кард. Ҳадафи мо барномаи атомии сулҳомез буд ва он мемонад”.
Кристина Бородавко: - Бале Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии пешини Эрон баъди имзои созишнома бо ҳаяҷон гуфта буд, ки “БАРҶОМ пирӯзии дипломатия бар таҳдиду фишор аст. Ин созишнома нишон дод, ки муқовимат бо мантиқ ва музокира метавонад натиҷа диҳад. Мо ҳеч гоҳ аз ҳуқуқи қонунии худ даст намекашем, аммо барои сулҳ ва ҳамкорӣ ҳамеша омода ҳастем.” Аммо ин аҳдшикании Амрико ба эътимоди минбаъдаи ҶИЭ чӣ таъсире расонид?
Нозанин Фарзадифар: - Ҳамон вақт Доналд Трамп, президенти ҷадиди Амрико якҷониба аз созишнома хориҷ шуд. Ин иқдом на танҳо норозигии муттаҳидони аврупоии Амрикоро ба бор овард, балки дар худи Эрон ҳамчун хиёнат ба паймон арзёбӣ шуд. Роҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар вокуниш ба иқдоми Доналд Трамп гуфт, ки аз ибтидо мо ба Амрико эътимод надоштем ва таърих собит кард, ки мо ҳақ будем. Онҳо созишномаро абзори фишор ва зулм қарор доданд. Аммо миллати Эрон дарси истодагиро хоҳад дод. Баъди хуруҷ аз БАРҶОМ ИМА на танҳо таҳримҳои пешинаро барқарор кард, балки таҳримҳоро бештар кард.
Оғози фишори шадид дар солҳои 2019-2021 буд. Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ баъди хуруҷи Амрико аз созишнома даромади нафтии Эрон 70% коҳиш ёфт. Аммо иқтисоди Эрон сарнагун нашуд, балки иқтисоди муқовиматӣ дубора эҳё шуд.
Кристина Бородавко: - Имрӯзҳо Эрон чӣ гуна бо тарҳимҳои Амрико муқовимат мекунад?
Нозанин Фарзадифар: - Баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои шадидтар, ба вижа пас аз соли 2018, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷойи шикаст, роҳи дигарро пеш гирифт. Иқтисоди муқовиматиро ҳамчун стратегия амалӣ кард. Ин мафҳумро бори нахуст роҳбари Инқилоби Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пешниҳод карданд. Эшон гуфтанд, ки “Таҳримҳо наметавонанд миллатеро, ки ба неруи дохилии худ такя мекунад, шикаст диҳанд. Мо бояд иқтисоде созем, ки зери фишори душман ларзиш наёбад”.
Кишвари Эрон барои кам кардани вобастагӣ аз воридот, барномаи васеи саноатӣ ва кишоварзиро роҳандозӣ намуд. Дар соли 2020 вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон - Ризо Раҳмонӣ гуфт, ки “Дар натиҷаи таҳримҳо мо маҷбур шудем, технология ва маҳсулоте, ки қаблан ворид мекардем, дар дохил истеҳсол кунем. Фақат дар соли гузашта беш аз 1,200 нав маҳсулоти саноатии навро дар дохил истеҳсол намудем”.
Бахши автомобилсозӣ, ки яке аз самтҳои осебпазир буд, дар давоми се сол зиёда аз 30% афзоиш ёфт. Дар кишоварзӣ низ пешрафт рӯшан буд. Дар давоми ду соли таҳрим маҳсулоти зироатии Эрон аз 118 миллион тонна ба 128 миллион тонна афзоиш ёфт.
Самти дигар – тағйири самти савдо ва ҳамкорӣ ба тарафи кишварҳои минтақа ва Шарқ буд. Эрон муносибатҳояшро бо Чин, Русия, Туркия, Ироқ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият дод.
Дар соли 2021 Эрон ва Чин созишномаи стратегӣ ба маблағи 400 миллиард доллар барои 25 солро ба имзо расониданд. Ин созишнома на танҳо сармоягузории Чинро дар бахшҳои нафт, инфрасохтор ва технологияро дар бар мегирад, балки нишон дод, ки Эрон дар муқобили таҳримҳои Аврупо роҳҳои худро меёбад.
Бо Русия низ ҳамкориҳо афзоиш ёфт. Дар соли 2022 Эрон ва Русия санади ҳамкории 20-сола имзо карданд, ки дар он ҳамкориҳои энергетикӣ, транзит ва иқтисод пешбинӣ шуда буд.
Кристина Бородавко: - Чӣ гунае, ки маълум аст мубориза бар таҳримҳои молӣ бисёр сангинанд...
Нозанин Фарзадифар: - Бале, таҳримҳои долларӣ ва бонкӣ Эронро водор сохт, ки шабакаҳои нави молиявиро таҳия кунад. Тиҷорат бо асъори миллӣ, истифодаи механизми мубодилаи мол ба мол ва таҳияи низоми молиявии мустақил бо Русия, Чин ва Туркия роҳандозӣ шуд.
Кристина Бородавко: - Дар таҳримҳо ба иқтисод чӣ аз даст рафт ва чӣ ба даст омад?
Нозанин Фарзадифар: - Таҳримҳои фарогир, ки асосан аз сӯйи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва баъд кишварҳои аврупоӣ ҷорӣ шуд, воқеан зарбаҳои ҷиддиро ба иқтисоди Эрон ворид намуданд. Аммо, ҳамзамон, боиси ислоҳоти дохилӣ, мутобиқшавӣ ва худкифоии бахшҳои муҳим низ шуданд. Содироти нафтӣ, ки сарчашмаи асосии даромади Эрон буд, аз 2,5 миллион баррел дар як рӯз дар соли 2017 ба камтар аз 400 баррел дар моҳи сентябри соли 2020 поин рафт. Бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ даромадҳои Эрон аз содироти нафт аз 60 миллиард доллар дар соли 2017 то ба 9 миллиард доллар дар соли 2020 коҳиш ёфтанд.
Бар асоси додаҳои Бонки марказии Эрон сатҳи таваррум аз 9,6 % дар соли 2017 то ба 47% дар соли 2021 расид.
Кристина Бородавко: - Дар ин замина чораандешии амалии Эрон чӣ гуна таҳримҳоро беасар кард?
Нозанин Фарзадифар: - Дар натиҷаи маҳдудиятҳои воридотӣ Эрон ба рушд додани саноати дохилӣ рӯ овард. Ба ҳисоби Вазорати саноат ва маъдан дар миёни солҳои 2019-2022 зиёда аз 4,500 корхонаҳои хурду миёна бо сармоягузории дохилӣ ифтитоҳ шуданд.
Дар бахши кишоварзӣ мувофиқи гузориши Созмони ғизо ва кишоварзии Эрон дар соли 2023 содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ироқ, Афғонистон, Озарбойҷон ва Туркия 15% афзоиш ёфт ва ба 6 миллиард доллар расид.
Таҳримҳо Эронро водор намуданд, ки ҷойгоҳи худро ҳамчун конуни транзитӣ тақвият диҳад. Дар соли 2023 интиқоли коло ба воситаи Эрон ба 12 миллион тонна расид, ки дар муқоиса бо соли 2019 48%-ро нишон медиҳад. Сайидаббос Мусавӣ, намояндаи доимии вақти Эрон дар Осиёи Марказӣ гуфт: “Таҳримҳо моро маҷбур карданд, ки роҳҳои муҳимми алтернативиро дарк кунем. Имрӯз Эрон ба хати калидӣ миёни Шимол, Ҷануб ва Шарқ табдил шудааст”.
Кристина Бородавко: - Дар ин Намоишгоҳ мебинем, ки ҶИЭ бо вуҷуди таҳримҳо ба фанновариҳои зиёде даст ёфтааст...
Нозанин Фарзадифар: - Бале, Эрон дар бахши фанновариҳои пешрафта низ пешрафтҳои назаррас ба даст овард. Масалан, Эрон ҳоло яке аз кишварҳои пешсаф дар соҳаи истеҳсоли доруҳои биотехнологӣ ва ваксина мебошад. Доктор Саид Разавӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи дорусозии Эрон дар соли 2023 гуфта буд, ки “Мо таҳрим шудем, вале имрӯз зиёда аз 97% -и доруҳо дар дохил истеҳсол мешаванд. Эрон дар истеҳсоли ваксинаи зидди Ковид мустақил буд ва содирот низ анҷом дод”.
Бар асоси омори Маркази таҳқиқоти стратегии парлумони Эрон дар соли 2024 бахши саноатӣ дар солҳои 2021-2023 13% афзоиш доштааст. Бахши истеҳсоли технологияҳои олӣ – 18 % ва содироти ғайринафтӣ беш аз 16% рушд доштааст.
Кристина Бородавко: Эрон бо вуҷуди ин таҳримҳо роҳи ояндаашро чӣ гуна интихоб кардааст?
Нозанин Фарзадифар: - Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва фишорҳои иқтисодии шадид роҳи худро барои оянда рӯшан кардааст. Сиёсати роҳбарият ва ҳукумати олии Эрон имрӯз бар се принсип устувор аст: рушди иқтисоди муқовиматӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ бо кишварҳои мустақил ва ҳамсоя, ҳифзи истиқлол ва муқовимат бар зидди зулм.
Кристина Бородавко: - Эрон дар муқобили Аврупо ҳоло сиёсати “нигоҳ ба Шарқ”-ро роҳбурди нави худ қарор додааст. Дар ин бора Шумо чӣ назар доред?
Нозанин Фарзадифар: - Дар як даҳсолаи ахир, бо вуҷуди таҳримҳои шадид ва таҳдидҳои низомӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Шарқ ба унвони як қудрати ҷадиди таъсиргузори минтақавӣ зуҳур кардааст.
Нахустин чархиш ба сӯйи блоки Шарқ узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2023 буд, ки имкониятҳои навро барои узвият барои транзит ва савдо фароҳам кард.
Имзои созишномаи 25-сола бо Чин дар соҳаҳои нафт, энергетика, инфрасохтор, истихроҷи маъдан ва технология. Чин аллакай беш аз 15 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин рӯйкарди шарқмеҳвари сиёсати хориҷии Эрон дар муқобили таҳримҳои Амрико ва ҳампаймонаш буд.
Дар соли 2024 Эрон бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон созишномаҳо имзо кард. Каридори Чобаҳор – Ашхобод – Тошканд фаъол шуд, ки барои тиҷорати минтақавӣ имкониятҳои бузургро фароҳам меорад.
Туризм ҳамчун бахши муҳимми иқтисод аз нав эҳё мешавад. Бо бардошта шудани маҳдудиятҳо барои сайёҳони Чин, Русия, Осиё ва Эрон дар соли 2023 зиёда аз 4, 5 миллион сайёҳ аз Эрон боздид намуданд. Дар муқоиса бо соли 2021, ки 2,8 миллион сайёҳ вориди Эрон шуданд, афзоиши як баробарро нишон медиҳад.
Кристина Бородавко: - Оё Эрон аз ин ҳама таҳримҳо хаста нашудааст?
Нозанин Фарзадифар: - Бар ин савол бо як сухани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари Инқилоби Исломии Эронро посух медиҳам, ки чунин гуфтаанд: “Онҳо моро таҳрим карданд, то ормонҳои моро бикушанд, вале ин таҳримҳо миллати Эронро бедортар кард. Мо бо таваккал ба Худо ва бо такя ба тавоноии худ пеш хоҳем рафт. Душманон хаста мешаванд, Эрон ҳаргиз.”
Ба назар мерасад, ки ҳадафи таҳримҳои бесобиқаи ИМА ва шариконаш бар зидди Эрон ба зону даровардани иқтисоди Эрон ва водор кардан ба тағйири сиёсати ин кишвар дар муқобили душманонаш аст. Воқеият нишон медиҳад, ки ин роҳкор шикаст хӯрдааст ва натиҷае дар тӯли беш аз 40 сол ба бор наовардааст. Эрон на танҳо бо таҳримҳо канор омад, балки онро ба як фурсат барои ислоҳот, рушд ва худкифоии иқтисодӣ табдил дод.
Имрӯз Эрон ба як намунаи мубориза бо таҳримҳо ва низоми ҷаҳонии ғайриодилона табдил ёфтааст. Таҳримҳо на танҳо иқтисод ва зиндагии мардумро ташвишовар намуданд, балки эътимоди амиқро ба қобилиятҳои дохилии кишвар ба вуҷуд оварданд. Эрон на танҳо қадами бузург дар соҳаи иқтисоди муосир гузошт, балки иқтидормандона дар сиёсати имрӯзи ҷаҳон нақши муҳим дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иҷро менамояд.
Кристина Бородавко: - Ташаккур!
Нозанин Фарзадифар: - Саломат бошед!
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд