


Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад

Ҳамос бо озод кардани 10 асири исроилӣ барои оғози музокирот розӣ шудааст
“Тӯфони ал-Аақсо”-и 7-уми октябр. Фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза ҳанӯз идома дорад
Таҳилигарон бар ин боваранд, ки ба вуҷуд омадани ҳодисаи 7-уми октябр натиҷаи бахӯрди ноодилонаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар баробари мардуми Фаластин аст. Мардуме, ки беш аз 70 сол боз дар орзуи ташкили давлати мустақил ҷон нисор мекунанд ва пайваста бо амалиётҳои ваҳшиёнаи артиши Исроил рӯ ба рӯянд.
То замони рух додани ҳодисаи “Тӯфони ал-Ақсо” ҷаҳон дар муқобили беадолатӣ ва ҷабру зулми артиши Исроил чашмпӯшӣ мекард. Исроилиҳо бидуни дар назар гирифтани қонунҳои байналмилалӣ ба ғасби заминҳои фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза идома медоданд.
Ҳамос солҳо қабл то ба имрӯз мудирияти минтақаи Ғаззаро бар дӯш гирифта буд, бо роҳандозии амалиётҳои кӯчаки низомӣ мехост таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба фоҷеаи Ғазза ҷалб кунад.
Дар замони ҳукумати Доналд Трамп, президенти вақти ИМА тарҳе рӯйи миз гузошта шуд, ки тибқи он кишварҳои арабӣ бо Исроил сулҳ карданд. Ҳадафи он, ки бо номи “Сулҳи Иброҳимӣ” ёд мешуд, одисозии равобити Исроил бо кишварҳои арабӣ буд.
Доналд Трамп баъди имзои тарҳи “Сулҳи Иброҳимӣ” таъкид намуд, ки ин як пирӯзии дипломатии бузург аст. Дар он ҳаққи таърихии фаластиниён ба сарзамини бобоии худ инкор мешуд. Дар он вақт, Амрико бидуни дар назар гирифтани эътироз ва мухолифатҳо сафорати Амрикоро аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас интиқол дод.
Бар асоси гуфтаҳои бархе роҳбарони Ҳамос ба ин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳодисаи 7-уми октябр натиҷаи рӯйкарди беадолатонаи Амрико дар муқобили мардуми Фаластин аст.
Дар давоми ҷанги беш аз яксола артиши Исроил ба гумони маҳв кардани неруҳҳои Ҳамос амалиёти низомиро оғоз кард. Дар натиҷаи ҳамлаи артиши Исроил ба хоки Ғазза даҳҳо ҳазор нафар афроди мулкӣ, занону кӯдакон кушта шуданд. Харобӣ ва ваҳшате, ки артиши Исроил дар Навори Ғазза ба вуҷуд овард, ривояти талхест, аз фоҷеаи башарӣ, ки дар ин минтақа то ҳанӯз идома дорад.
Ҳодисаи 7-уми октябр, ки тарроҳи он Яҳё Синвор, роҳбари бахши низомии Ҳамос буд, кулли Ховари Миёнаро ба буҳрон кашид. Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳусиҳои Яман ва Эрон дар меҳвари ҷанг қарор гирифтанд ва дар натиҷаи он қисми зиёди роҳбарони низомӣ аз ҳарду тараф кушта шуданд.
Таҳлилгарон бо таҳлили авзоъ мегӯянд, ки агар оташбаси доимӣ сурат нагирад, доманаи ҷанг дар кулли Ховари Миёна густариш хоҳад ёфт.
Суоли бузурге, ки зеҳни таҳлилгарони масоили Ғаззаро гирифтор намудааст, ин аст: Исроил чӣ гуна бо ин ҳама тавоноии амниятӣ ва низомӣ натавонист аз рӯх додани ҳодисаи “Тӯфони ақсо” пешгирӣ кунад. Аксари низомиёни исроилӣ ва коршиносони соҳаи низомӣ гуфтаанд, ки ин на фақат шикасти низоми амниятии Исроил, балки фурӯпошии симои тахайюлии сохтаи Исроил нисбат ба артиши худ аст. Дар ин ҳодиса ҳайбати низомии Исроил фурӯ рехт.
Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки ҳодисаи 7-уми октябр барои беш аз ду миллион фаластинӣ дар Ғазза, даҳҳо ҳазор нафар дар соҳили рӯди Ғарбӣ ва миллионҳо нафар дар Лубнон рӯйдоди фоҷеабор ва тоқатнопазир буд. Ин ҳодисаи даҳшатнок шаҳрвандони Фаластину Лубнонро ба умқи фоҷеа савқ дод ва паёмадҳои нохӯши он беш аз як сол боз ҳанӯз идома дорад. Ҳар рӯз теъдоди қурбониён ва харобиҳо дар Фаластин ва Лубнон бештар мешавад.
Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки агарчи ҷанг хатм шавад, мардуми Фаластин ва Лубнон барои бозгашт ба вазъияти қабл аз ин ҳодиса роҳи душвору тӯлониро дар пеш хоҳанд дошт.
Ҳодисаи 7-уми октябр девори дипломатии сунъие, ки бо ташаббусҳои Амрико барои пазируфтани хостаҳои Исроил сохта шударо шикаст. Ҳоло кишварҳои арабӣ на фақат бо Исроил даргириҳои лафзӣ доранд, балки бо ҳукумати Амрико низ дар зиддият ба сар мебаранд. “Тӯфони ақсо” бо вуҷуди фоҷеабор будан, ормонҳои 70-солаи фаластиниҳоро дар қалби ҳокимони сарватпарасти кишварҳои арабӣ дубора зинда кард.
Имсол (2024) хунбортарин ва вайронгартарин сол дар таърихи муосири Ховари Миёна, бахусус Фаластин буд. Теъдоди кушташудаҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза ваҳшатнок аст. Саҳнаҳои ривоятшуда тавассути расонаҳо нишон медиҳанд, ки артиши Исроил ба ҳеч қоидаи байналмилалӣ дар ин ҷанг пойбанд набудааст. Ҳамла ба мактаб, бемористон ва макони зиндагии гурезаҳои фаластинӣ ҳисси нафрат ва кина ба ҳукумат ва артиши Исроилро беш аз ҳар вақти дигар барангехт.
Таҳлилгарони араб мегӯянд, ки фоҷеаи 7-уми октябр дар Навори Ғаззаро наметавон бидуни дар назар гирифтани решаҳои теърихии моҷаро таҳлилу арзёбӣ кард. Онҳо гуфтаанд, шаҳраксозиҳои ғайриқонунӣ ва амалиётҳои ғайриинсонии артиши Исроил бар зидди фаластиниҳо боиси шиддати ҷанг дар ин минтақа шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки сатҳи хушунати ҳозира нисбат ба ҳар замони дигар бештар аст. Нодида гирифтани омилҳои таърихии низоъ метавонад хатарнок ва хушунатбор бошад. Ташкили кишвари мустақил ҳадафест, ки беш аз 70 сол боз кишварҳои арабӣ рӯйи он кор мекунанд, аммо натиҷае намедиҳад.
Таҳлилгарони масоили стратегӣ таъкид мекунанд, идомаи ишғоли Фаластин, бархӯрдҳои хушунатомез бо фаластиниҳо на танҳо ба коҳиш ёфтани шиддати низоъ ва хушунат боис мешавад, балки амнияту суботи кулли минтақаро таҳдид мекунад.
Нодида гирифтани ҳуқуқи мардуми Фаластин ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти душвори зиндагии мардуми он ба манфиати гурӯҳҳои ифротӣ аст. То он замоне, ки вазъият идома пайдо мекунад, ҷангу хушунат аз минтақа барчида нахоҳад шуд.
Риояти қонунҳои байналмилалӣ метавонад сулҳро бар ивази ҷанг, оромишро ба ивази хушунат ҷойгузин кунад.
Дар ин миён кишвари Исроил талош мекунад бо истифода аз стратегияҳои хос дар сатҳи ҷаҳонӣ симои мусбат ва қурбонӣ аз худ нишон диҳад. Аз замони таъсисиёбии Исроил дар соли 1948, ин кишвар ҳамеша бо мушкилоти решаӣ дар минтақаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ рӯ ба рӯ будааст ва ин раванд чеҳраашро дар сатҳи ҷаҳон доғдор кардааст.
Баъди ҳодисаи 7-уми октябр Бенямин Натанёҳу бо истифода аз ин стратегияи хос гуфт: “Ин танҳо ҷанги Исроил нест, балки набард миёни тамаддун ва ваҳшигарӣ аст”. Сарвазири феълии Исроил ҳамеша талош кардааст, ки бо қурбонӣ нишон додани исроилиҳои сокин дар минтақа мардуми ин кишварро ҷабрдида нишон диҳад. Вале ин қоби барғалат пас аз амалиётҳои ваҳшиёнаи низомиёни Исроил бар зидди занону кӯдакони бесилоҳи Навори Ғазза аз байн рафт. Исроил бо истифодаи техникаи дипломатии қурбонӣ нишон додан, мехост афкори умумии ҷаҳонро бар зидди Ғазза савқ диҳад. Вале ноком монд. Чаро ки ҷиноятҳои зиддибашарии артиши Исроил, қатли ваҳшиёнаи мардуми мулкӣ аз чашми ҷаҳон пинҳон намонд. Бархе кишварҳо роҳбарони Исроилро ба додгоҳи ГААГА кашиданд ва барои аввалин бор дар таърих аз истифодаи ибораи “генотсид” дар муқобили мардуми Фаластин истифода намуданд.
Эрон аз ибтидои рӯйдоди “Тӯфони ақсо” эълон намуд, ки аз тарҳи он бехабар аст. Вале Исроил ҳамеша ангушти иттиҳомро ба сӯйи Эрон дароз мекунад. Эрон барои ҳимоят аз Фаластин коҳиши қувваи низомии Исроил аз ҳама тавони худ, ҳам аз нигоҳи дипломатӣ ва ҳам аз нигоҳи низомӣ истифода кард. Барои нахустин бор дар таърих Эрон бо ҳамлаи васеъи мушакӣ ҳайбати низомии артиши Исроилро зери суол бурд.
Дар ибтидои ҷанг, дар ҳоле ки бархе кишварҳо барои истиқрори оташбас талош мекарданд, расонаҳо ривоятҳои дилхарошеро аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аз сӯйи артиши Исроил ривоят мекарданд. Вақте баъзе аз хабаргузориҳои ҷаҳонӣ гузоришҳое дар хусуси талафоти ғайринизомиён нашр намуданд, сарвазири Исроил хабарнигоронро ба ҳимоят аз ҳаракати Ҳамос муттаҳам кард.
Дар ҷараёни авҷи ҷанг Исроил ба бемористонҳои бузурги Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Дар натиҷаи он садҳо нафар, кӯдакону беморон кушта шудаанд. Исроил бо баҳонаи ин ки Ҳамос дар бемористон махфӣ шудааст, ба он ҳамла мекард. Ҳамла ба беморхонаи Шифо фоҷеатарин амалиёти низомие буд, ки аз сӯйи кишварҳо ва ҳатто СММ маҳкум гардид. Дар ин замон бархе аз сардамдорони амрикоӣ кӯшиш мекарданд, таблиғоти Исроил дар ҷанги Ғаззаро қувват бахшанд. Бархе расонаҳои исроилӣ ва аврупоӣ ба ҳақиқати чунин таблиғотҳо бо шӯбҳа менигаранд.
Сарвазири Исроил Бенямин Натанёҳу ҳама гуна оташбасро рад мекунад. Ин дар ҳоле буд, ки Ҷо Байден талош дошт, ба воситаи оташбас гаравгонҳои исроилиро наҷот диҳад ва аз густариши ҷанг дар Ховари Миёна пешгирӣ кунад.
Дар пасманзари рӯйкарди ҷангталабонаи Бенямин Натанёҳу расонаҳо навиштанд, ки Исроил барои тавҷеҳ намудани идомаи ҷанг ва пинҳон кардани ҳодисаҳои ваҳшатноки он, ба таблиғоти дурӯғин такя мекунад, то ҳақиқатҳои талх, ҷиноятҳои ваҳшиёнаи низомиён ошкор нашавад ва роҳбарони сиёсӣ эътибору қудрати худро ҳифз кунанд.
Дар ин миён ҳанӯз таҳқиқоти байналмилалӣ оид ба ҷиноятҳои ҷангии артиши Исроил дар замони ҳамла ба Ғазза анҷом дода нашудааст. Вале, гузоришҳои пароканда ва ҷузъӣ нишон медиҳанд, ки Исроил дар ҷанг бо Ҳамос аз ҳеч қоидаи ҷанг пайравӣ намекунад. Ҳамлаи барбарона ё ваҳшиёнаи бидуни қоида ҳазорон сокини мулкӣ ва бегуноҳи Ғаззаро, ки шояд ба амалиёти 7-уми октябр мухолиф буданд, туъмаи худ кард.
Як далели мувассақро рӯзномаи “Wall Street Journal” гузориш дод ва дар он зикр мешавад, ки мақомоти Амрико эҳтимол дар пайи таҳқиқи он ҳастанд, ки Исроил чӣ гуна аз фосфори сафед дар вақти бомбаборони Ғазза ва Лубнон истифода кард. Истифодаи моддаи фосфори сафед дар ҷанг бар асоси қонунҳои байналмилалӣ манъ аст. Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба асоси таҳқиқоти коршиносон тасдиқ кард, ки Исроил дар ҳамлаи ҳавоии 31-уми октябр аз фосфори сафед истифода кардааст.
Вазорати тандурустии Фаластин таъкид кардааст, ки дар натиҷаи бомбаборонҳои Исроил дар минтақаи Ғазза то ҳоло беш аз 28 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарияти онҳо занону кӯдакон мебошанд. Омори ҷудогонаи талафоти низомиён ва ғайринизомиён то ҳол нашр нашудааст.
Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва Лубнон аксари роҳбарони Ҳамосу Ҳизбуллоҳ кушта шуданд. Ривояти саҳнаи марги роҳбари Ҳамос Яҳё Синвор ба намоди устураӣ табдил ёфт. Тасвирҳое, ки аз сӯйи хадамоти низомии Исроил нашр шуд, нишон медиҳад, ки Яҳё Синвор бо дасту пойи қатъшуда ва захмҳои амиқ то охирин лаҳза дар муқобили низомиёни Исроил мубориза мекунад. Муқовимати ӯ мояи шигифтӣ дар тамоми ҷаҳон шуд. Исроил ҷасади ӯро ба хоки худ бурд ва то ҳол барои боз гардонидани он мувофиқат накардааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидо ва то имрӯз нақши калидӣ дар мудирияти авзои Ғазза дошт ва дорад. Тибқи иттилооти нашршуда мақомоти Эрон ба миёнҷигарӣ бо Ҳамос нақши фаъолона иҷро мекунанд. Эрон ончунон аз Ҳамос ҳимоят кард, ки аз Ҳизбуллоҳ ҳимоят мекунад. Бархе роҳбарони Ҳамос аз ҳимояти Эрон сипосгузорӣ кардаанд.
Муҳимтарин нукта аз фоҷеаи ҷанги Ҳамосу Исроил ин аст, ки дигар ҳайбати иттилоотӣ ва низомии Исроил шикаст. Исроил дигар ҳеч вақт ба давраи қабл аз ин ҳодиса бар нахоҳад гашт. Ваҷҳаи байналмилалиаш, ки ҳамеша чун як қурбонӣ муаррифӣ мешуд, акнун ба ҳайси таҷовузгар ва омили куштори ғайринизомиён, бавижа кӯдакону занони фаластинӣ ба тасвир кашида мешавад, ки ин нуктаро роҳбарони барҷастаи Эрон имрӯзу солҳо қабл гуфта ва ба мардуми ҷаҳон шунавонидан мехоҳанд.
Қосимӣ М.
Хатти хабарҳо
Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”
Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад
CNN: Трамп таҳдид кардааст, ки Маскав ва Пекинро бомбаборон мекунад
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд
