3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
21.02.2025 11:04

Масъуда Ҷалол: “Таслими Толибон намешавем ва барои демократия, адолат, шарафи занони афғон мубориза мебарем”

Масъуда Ҷалол ва духтараш – Ҳусно Ҷалол дар маросими дарёфти ҷоизаи “Ҳуқуқи зан – 2025” дар ҳамоиши ҳуқуқи башар дар шаҳри Женеваи Шветсария суханронӣ намуда, мушкилот, маҳрумият ва саркубии занон аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибонро баён карданд. Масъуда Ҷалол дар оғози суханронӣ ишора намуд, ки муҳоҷират ба маънои таслим шудан ва даст кашидан аз мубориза барои ба даст овардани ҳуқуқи занони афғонистонӣ нест.

Дар ин суханронӣ дар ҷамъи ҳазорон ҳомии ҳуқуқи башар Масъуда Ҷалол диққати ширкаткунандагонро ба мушкилоти занони Афғонистон ҷалб намуда, сареҳан изҳор дошт, ки гурӯҳи террористии Толибон занони Афғонистонро комилан аз саҳнаи сиёсат ва ҳузур дар ҷомеаи Афғонистон ҳазф кардаанд.

Ӯ таъкид кард, ки дар тӯли даҳсолаҳо занони афғонистонӣ барои мақом ва ҷойгоҳи воқеии худ дар ҷомеа мубориза кардаанд. Вай афзуд, аз ҷумлаи занони хушбати Афғонистон аст, ки дар мактабу донишгоҳ таҳсил карда, дар ҷомеа ба мақоми шоистаи худ расидааст.

“Ҳамчун табиб, ман бо чашмони худ дидам, ки чӣ гуна беадолатиҳои сохторӣ – фақр, издивоҷҳои иҷборӣ ва маҳрумият аз таҳсил занонро гирифтори ранҷи беохир мекунад. Ман дарк кардам, ки танҳо табобати ҷисмонии онҳо кофӣ нест. Қисмати асосии мушкилоти онҳо реша дар сиёсати тарҳрезишудае дошт, ки онҳоро сокит ва пинҳон кардан мехостанд. Ин нукта буд, ки ман муборизаро оғоз кардам”- таъкид кард Масъуда Ҷалол.

Нахустин номзади президентии зани Афғонистон Масъуда Ҷалол бо ишора ба қудрат расидани Толибон таъкид кард, он чизеро, ки тӯли бист сол ба даст оварда буданд, ин гурӯҳи террористӣ нобуд кард: “Толибон ҳуқуқи занонро аз онҳо гирифтанд: онҳоро аз таҳсилу кор маҳрум карданд ва як низоми тарсро дар ҷомеа ҳоким намуданд”.

Ӯ афзуд, ки корашро дар донишгоҳ аз даст дод ва бо вуҷуди он розӣ нашуд, ки сокит бошад. Ин чеҳраи зани афғонистонӣ гуфт, ки барои ҳуқуқи занон ба таҳсилу кор мубориза бурдааст ва як давра таҷрибаи зиндонӣ намудани Толибонро низ дидааст. Ба таъкиди ӯ, агар дахолати созмонҳои хориҷӣ намебуд, ҳоло ӯ дар ин маросим наметавонист суханронӣ кунад.

“Вақте Афғонистон дар соли 2001 ба сӯйи демократия қадам ниҳод, ман ҳама имкониятҳоро дидам,  на фақат барои худ, балки барои ҳар зане, ки  ба ӯ гуфта буданд “наметавонед”. Дар соли 2002 ман аввалин зани таърихи Афғонистон будам, ки номзадии худро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кардам. Бисёриҳо андешаи роҳбарии занро рад мекарданд, вале ман таслим нашудам”.

Масъуда Ҷалол дар ҷамъи ҳозирони ҳамоиши ҳуқуқи башар дар Женава ишора кард, ки ҳадафи иштирокаш дар интихобот танҳо барои ғолибият набуд, балки мехост исбот кунад, ки  занон ҳам ба сиёсат тааллуқ доранд ва метавонанд масъулияти роҳбариро бар уҳда гиранд.

Ӯ таъкид кард, ки баъди ширкати фаъолона дар сиёсат қисми зиёди занони Афғонистон вориди сиёсат шуданд. Ба гуфтаи ӯ, баъдан беш аз 500 зани афғонистонӣ вориди сиёсати Афғонистон шуда, дар мақомҳои вазир, сафир ва вазифаҳои калидӣ дар ҳукумати фурӯпошидаи пешин адои вазифа намуданд.

“Мо (манзур занони Афғонистон) тиҷоратро раҳбарӣ мекардем, ҳамчун рӯзноманигор гузориш медодем, қонунро татбиқ мекардем ва дар соҳаҳои маориф ва тиб пешрафт доштем. Дастовардҳои мо танҳо муваффақиятҳои шахсӣ набуданд, балки натиҷаи иродаи дастаҷамъона барои бунёди Афғонистони ҳамашумул ва деморкатӣ буданд”.

Масъуда Ҷалол бо таассуф дар ин суханронӣ зикр кард, ки баъди ба сари ҳокимият омадани Толибон торикиҳо баргаштанд. Ӯ афзуд, ки ҳоло Толибон ҳаққи таҳсилро аз занон гирифтаанд ва комилан онҳоро аз ҳузур дар ҷомеа ҳазф кардаанд.

“Занон аз мактабҳо ронда шуданд, аз ҷойҳои кории худ ихроҷ шуданд ва аз зиндагии ҷамъиятӣ комилан ҳазф гардиданд. Мо – онҳое, ки умри худро сарфи тағйирот карда будем, маҷбур ба муҳоҷират шудем ва ё бо таҳдиди зӯр хомӯш карда шудем. Толибон дурӯғ мегӯянд, ки роҳбарони занони Афғонистон онҳоро раҳо карда, гурехтанд. Муҳоҷират маънои таслим шуданро надорад”.

Масъуда Ҷалол таъкид кард, ки барои ҳаққу ҳуқуқи занон мубориза хоҳанд бурд, зеро занон нисфи ҷомеаи Афғонистонро ташкил медиҳанд.

“Мо ояндаеро талаб дорем, ки дар он занон на танҳо зиндамондагон, балки роҳбарон бошанд, духтарон бидуни тарс вориди синфхонаҳо шаванд ва ҳеч кас бо сабаби ҷинсияташ маҷбур ба хомӯшӣ нагардад” – таъкид мекунад Масъуда Ҷалол.

Дар поёни суханронии худ Масъуда Ҷалол таъкид кард, ин ҷоиза ёдовари он аст, ки ҳанӯз мубориза ва кори занони Афғонистон барои расидан ба ҳаққашон анҷом наёфтааст: “Ман ба шумо ваъда медиҳам: ҳамон лаҳзае, ки  кишвари азизам амн гардид, ба он ҷо бармегардем. Ман барои демократия, адолат ва шарафи ҳар зани афғон муборизаро идома хоҳам дод. Зеро моро наметавон нест кард ва наметавон хомӯш сохт. Ва мо ҳаргиз аз мубориза барои ояндаи худ даст намекашем.”

Ёдовар мешавем, ки Масъуда Ҷалол ва Ҳусно Ҷалол аъзои оилаи доктор ва муннаққид Файзуллоҳ Ҷалол мебошанд.

Тарҷумаи Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.