Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Президенти кишвар маркази хизматрасонии "Аҳмадҷон"-ро ба ифтифода доданд ва бо 151 ятим мулоқот намуданд
Имрӯз, 2-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мустафо Атобуллоев дар масоҳати умумии 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, тиҷоратӣ ва фароғатӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки Маркази хизматрасонии Аҳмадҷон аз маҷмӯи биноҳои се ва чорошёна иборат буда, дар он се ошхона, маркази савдо, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази дилхушии кӯдакон, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра, 12 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир шудаанд.
Манбаъ навиштааст, ки дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо 151 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карданд.
"Таваҷҷуҳи пайваста ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқдоми мазкур идомаи тадбирҳои хайру савоб дар самти дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо мебошад", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид