15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:03, Душанбе
28.08.2026 12:07

Рустами Эмомалӣ бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи як сарфароз гардид

Имрӯз, 28-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.

Тавре ки саҳифаи расмии шаҳрдори Душанбе дар Телеграм хабар додааст, барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи як сарфароз гардид.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.