15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:04, Душанбе
27.08.2026 10:15

Истеҳсоли равғани зағир, бомпӯш, хишт ва пеноблок. Президенти кишвар се корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи нави саноатӣ - корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.

Манбаъ навиштааст, ки дар ин се корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави кор таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.

Гуфта мешавад, ки иқтидори корхонаи истеҳсоли равғани зағир дар як сол 100 тонна равғанро ташкил намуда, 10 нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 5 миллион дона шифер дар як солро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҷойгиршавии корхонаи саноатӣ як гектар буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд. Иқтидори умумии корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноат дар як сол истеҳсоли 10 миллион дона 5 номгӯи хишт буда, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, зиёдшавии тавлиди маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нав, насби технологияи муосир ва дар ҳамин замина рушди фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати васеъшавии имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи бозор, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карданд”, - афзудааст манбаъ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.