Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Конфронси байналмилалӣ доир шуд
25-уми август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» бо иштироки намояндагони воломақом аз Ҳукумат ва парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва корпуси дипломатӣ баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар қисмати ифтитоҳии конфронс муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.
“Дар бахшҳои мавзӯии он, ки таҳти унвони «Ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва корпуси дипломатӣ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ» ва «Занҳо пайрави сиёсати устувори дохиливу хориҷии Пешвои миллат» багузор шуданд, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 35 соли истиқлоли давлатӣ ва дурнамои пешрафти кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, бо натиҷагирӣ аз кори конфронс, иброз дошт, ки хулоса ва пешниҳодҳои ҳамоиш ҷиҳати андешидани иқдомҳои минбаъда барои таъмини рушди устувори кишвар ва пешбурди сиёсати хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Гуфта мешавад, ки дар кори ҳамоиши байналмилалӣ беш аз 200 нафар иштирок намуда, ҷараёни он тариқи 50 расонаи иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ инъикос гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад