Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Дар маҷлиси Ҳукумат масъалаи рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
25-уми август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2025 ду миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар омадааст. Дар ин росто, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои боз ҳам афзун гардидани шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон имкону захираҳо хеле зиёданд, ки бояд пурсамар истифода шаванд.
Дар кори маҷлис Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 баррасӣ гардид.
“Гуфта шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаи мазкур ба сохторҳои марбута дастуру тавсияҳо доданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад