Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Ба 7 кас унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд. Маросими супоридани мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ доир гардид
Имрӯз, 25-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҳар як нафарро дар раванди созандагиву ободонии Ватан назаррас арзёбӣ намуданд ва афзуданд, ки заҳмати содиқонаи онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба таври шоиста қадрдонӣ мегардад.
Иттилоъ дода мешавад, ки барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Ҳамин тавр, 7 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 10 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 18 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 81 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад