Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Туҳфаҳои Сарвари давлат ба кӯдакони ятими Шаҳристон тақдим карда шуданд
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ноҳияи Шаҳристон ба 30 нафар кӯдакону наврасони ятим ва фарзандони оилаҳои камбизоат аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси мактабӣ ва лавозимоти зарурии хониш тақдим карда шуд.
Манбаъ навиштааст, ки зимни тақдими туҳфаҳо раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кӯдакону наврасонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик намуда, ба онҳо хониши хубу аъло ва муваффақиятҳои бештар орзу кард.
“Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии кӯдакону наврасони ятиму ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагии онҳо тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад