Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Аз офати табиӣ зарар дида буд. Бо супориши Президенти кишвар ба сокини шаҳри Кӯлоб хонаи истиқоматӣ дода шуд
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид калиди хонаи нави истиқоматиро ба сокини шаҳри мазкур Моҳихурд Асророва, ки манзилаш бар асари офати табиӣ осеб дида буд, супориданд.
Манбаъ навиштааст, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои оилаи зарардида ҳамчун туҳфаи арзишманд ва нишонаи ғамхории давлату Ҳукумат арзёбӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки бар асари офати табиии моҳи майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб манзили истиқоматии Моҳихурд Асророва барои зиндагӣ номувофиқ гардида буд. Бо мақсади дастгирии оилаи зарардида ва таъмини шароити муносиби зиндагӣ бо супориши Пешвои миллат корҳои сохтмонии хонаи нав ба роҳ монда шуданд.
“Хонаи нав пурра сохта шуда, дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ, долон ва иншооти ёрирасон мебошад. Манзил бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои зиндагии шоистаи соҳибхона шароити заруриро фароҳам меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад