15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 06:02, Душанбе
03.07.2026 10:09

Миёни Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабз ду лоиҳа бо маблағи 190 миллион доллар ба имзо расид

Аз 29-уми июн то 2-юми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green Climate Fund) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва аъзоёни Шурои Фонди мазкур, намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва коршиносон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Фондро баррасӣ намуда, лоиҳаҳои навро дар самти мубориза бо пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима ва тасдиқ намуданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳизфи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим бо арзиши умумии 190 миллион доллари ИМА тасдиқ гардид, ки аз он 62 миллион долларашро грант ё кумаки бебозгашти Фонди Иқлими Сабз ташкил медиҳад.

“Лоиҳаи якум бо маблағи 30 миллион доллари ИМА барои дастгирии 14 шаҳру ноҳияи мамлакат ҷиҳати беҳтарсозии ҷомеаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва таъсиси фонди боғҳои мевадиҳанда равона карда мешавад. Лоиҳаи дуюм барои навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ ва корезии шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд равона гардида, инчунин, таъмири шабакаҳои обёрикунӣ амалӣ карда мешавад. Ин лоиҳа бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди Иқлими Сабз ва қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) татбиқ мегардад”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.