Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
30-юми июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис аз хизматҳои шоёни таҳсини Алишер Мирзонабот, раиси марҳуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷасадаш субҳи 30 июн аз дарёи Панҷ дарёфт шуд, ёдовар шуда, ба поси хотири ин фарзанди содиқи Ватан дақиқаи хомушӣ эълон намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.
“Таъкид гардид, ки Барнома бо дарназардошти нақши пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуки хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва ҷорӣ намудани механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таҳия карда шудааст”, - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, дар маҷлиси Ҳукумати кишвар дар бораи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 гузориши шахсони масъули соҳа шунида шуд.
Зикр мегардад, ки ҳадафи барномаи мазкур таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ мебошад.
“Дар кори маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омори расмӣ”, лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кристалл грин гласс” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон ва дастгирии Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад