13 Октябр 2026,
сешанбе, 13:21, Душанбе
30.06.2026 17:24

Шабакаи ТНТ барномаи “Выжить В Таджикистане”-ро таҳия мекунад

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар барномаи овозадори "Выжить В Таджикистане" таҳия мегардад.

Манбаъ навиштааст, ки имрӯз, 30-юми июн вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҳайати намояндагони “Газпром-Медиа Холдинг” аз Федератсияи Русия сурат гирифт.

“Бо мақсади муаррифии табиати нодиру дороиҳои фарҳангии Тоҷикистон, муҳити орому осоишта, имкониятҳои бузурги сайёҳӣ ва истироҳатӣ, инфрасохтори пешрафтаю замонавӣ лоиҳаи телевизионии байналмилалии “Выжить В Таджикистане” роҳандозӣ карда мешавад”, - навиштааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки барномаи “Выжить В...” тариқи шабакаи ТНТ пахш мешавад. То ҳол барномаи мазкур дар Самарқанд, Дубай ва Стамбул таҳияву пешниҳод гардидааст.

Дар барномаи мазкур ду тим, ки яке намояндагони шоу-бизнес ва дигаре намояндагони мардуми одӣ ҳастанд, барои ба даст овардани даҳ миллион рубли русӣ мубориза мебаранд.

Тазаккур бояд дод, ки метавон ба воситаи барномаи мазкур маконҳои таърихӣ ва сайёҳии кишварамонро ба оламиён нишон дод.

Dialog.tj

 

 

 

Хатти хабарҳо

13.10.2026 13:03

Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
13.10.2026 13:02

Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд

12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
13.10.2026 12:04

Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст

Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
13.10.2026 11:57

Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.