Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Ифтитоҳи Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб
Имрӯз, 23-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд шуда, барои тамрини футболбозон, омодасозии мураббиён, доварон, мутахассисони соҳа, рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва дастаҳои касбӣ, инчунин, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки қитъаи замини маҷмаа бо масоҳати умумии 62 000 метри мураббаъ заминаи васеъ ва муносибро барои бунёди инфрасохтори муосиру бисёрсамтаи варзишӣ фароҳам меорад. Дар маҷмаа бинои асосӣ, ду майдони тамринӣ, ки яке аз онҳо бо сабзаи табиӣ ва дигаре бо сабзаи сунъӣ бунёд шудааст, ҷойгиранд.
“Дар минтақаи варзишии маҷмаа барои рушди намудҳои гуногуни варзиш ва баргузории тамринҳои касбӣ майдонҳои футбол бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, варзишгоҳ, корти теннис ва майдони машқҳои гимнастикӣ мавҷуданд. Дар минтақаи маъмуриву маишӣ бошад, бинои асосӣ, манежи варзишӣ, ҳавзи шиноварии пӯшида, роҳ барои давидан ва гузаргоҳ бо нуқтаи назоратӣ ҷойгир карда мешаванд, ки барои фаъолияти бонизом, хизматрасонии босифат ва таъмини шароити форами истифодаи маҷмаа замина фароҳам меоранд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои будубош ва истироҳати меҳмонон ҳуҷраҳои замонавии якнафара, дунафара ва люкс, аз ҷумла ҳуҷраҳои дорои айвонҳои кушоду барҳаво, бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо кумаку дастгирии техникӣ ва молиявии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва шарикони дохилӣ бунёд ёфта, дар он 50 ҷойи кории доимӣ муҳайё гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад