15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:05, Душанбе
23.06.2026 11:56

Президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд

23-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмонӣ дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн. тонна дар як сол гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Душанбе тасмим гирифт Корхонаи нави истеҳсоли сементро дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони боло дар масоҳати 18 га дар муддати 17 моҳ сохта, ба истифода диҳад.

Иттилоъ дода мешавад, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад гашт.

Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1150 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, пас аз ба истифода додани корхона бошад, зиёда аз 1000 ҷойи кор ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.