15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:03, Душанбе
05.05.2026 07:42

Кумаки Сарвари давлат ба оилаҳои зарардидаи Кӯлоб

Кумаки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми осебдида аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб расид.

Бинобар иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, ба оилаҳои зарардида кӯмакҳои моддӣ ва маводи ниёзи аввал дастрас карда шуданд. Аз ҷумла, ба онҳо 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ тақсим карда шуд.

Манбаъ меафзояд, ки барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, инчунин, беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас гардид.

"Ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол дода шуд. Ҳамчунин, ба оилаҳои зарардида асбобу анҷоми рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ расонида шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Dialog.tj

 

 

Хатти хабарҳо

14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:45

Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад

Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 16:44

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд

Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:13

Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 12:23

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ

Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14

Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд

Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.