Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Аз сохтмони марказ барои кӯдакони болаёқат то китобҳои дарсӣ. Вохӯрии маҷозии вазирони маорифи Тоҷикистону Русия
Дирӯз, 18-уми сентябр вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов вохӯрии маҷозӣ анҷом дод.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи феълӣ ва рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни вохӯрии маҷозӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ки дар ҳамкорӣ бо Россия ба нақша гирифта шудааст, нашр ва дастраснамоии китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки бо забони русӣ таълим медиҳанд, инчунин барои муассисаҳое, ки синфҳои русӣ доранд, Лоиҳаи омӯзгори забони русӣ дар хориҷ, ки дар доираи он мутахассисони соҳавӣ барои омӯзиши босифати забони русӣ ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забони русӣ дар асоси захираҳои илмӣ-таълимии Донишгоҳи омӯзгории Олтой ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”