19 Сентябр 2026,
шанбе, 12:42, Душанбе
07.06.2025 10:56

Ҳайкали Сталин дар метрои Маскав “зинда” шуд. Оё Шӯравӣ дубора бармегардад?

Дар авҷи буҳрони ҷанги Русия ва Украина, ки боиси тӯлонӣ шудани ҷанги хунини Маскаву Киев шудааст, дар бархе минтақаҳои Русия “намодҳои замони Шӯравӣ” эҳё мешаванд ва аз забони мақомоти баландпояи ин кишвар дар хусуси ғайриқонунӣ барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ паёмҳо садо медиҳад.

Сиёсати хасмонаи Ғарб ва Амрико нисбат ба Русия, бахусус зери по гузоштани шартномаи усулӣ барои густариш надодани НАТО дар марзҳои ин кишвар ояндаи норӯшанеро нишон медиҳад. Дар Русия на танҳо оянда барои мардум норӯшан аст, балки гузашта низ бо ривоятҳои тағйирёбанда ва бознависшудаи пайваста ба таърих, гӯё аз ёди омма пок шудааст.

Дар яке аз истгоҳҳои метрои Маскав аломате аз бозгашти гузашта дида шуд. Ҳайкали нави Иосиф Сталин, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар умқи замин насб шудааст. Насби дубораи ҳайкалҳои гумшудаи Иосиф Сталин дар Маскав хотираи зеҳниро ба сӯйи таърих савқ медиҳад. Бархе соҳибназарон бо дидгоҳҳои ғарбгароёна бозгашти намоди “диктатура ва ваҳшоният” ба диди умумро интиқод мекунанд, гурӯҳи дигар аксаран бо ҳаяҷони хос ба дидани ҳайкали “азнавзиндашудаи” Иосиф Сталин дар метрои Маскав шитофтанд.

Пас аз марги Сталин ҳайкалҳои ӯ дар саросари Русия гирдоварӣ шуда ва ҷиноятҳояш расман маҳкум гардиданд. Он замон сиёсати маҳкумкунии аъмоли роҳбарони Шӯравӣ ба як раванди касби обрӯ ва “хуб” ҷилва кардан барои доираҳои сиёсӣ ба расмият даромада буд. Давраи “ваҳшати бузург” дар соли 1930, замоне ки миллионҳо нафар ба урдугоҳҳои меҳнатии маҷбурии Гулаг дар Сибир фиристода ва садҳо ҳазор нафар эъдом шуда буданд, яке аз ториктарин давраҳои таърихи ин кишвар ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯз ҳайкалҳои Сталин дубора дар минтақаҳои гуногуни Русия пайдо шудаанд.

Мақомоти ҳукумати кунунии Русия тасвири Сталинро ба ҳайси як раҳбари қавӣ ва ғолиб дар Ҷанги дуюми ҷаҳон намоиш медиҳанд. Ба назар мерасад, ки талош барои поксозии чеҳраи ӯ дар ҷараён аст. Сталин барои русҳо намоди пирӯзӣ бар ҳуҷуми фарҳангӣ  ва низомӣ бо Ғарб аст. Дар гузашта Владимир Путин ва бархе мақомоти олирутбаи Русия бо ҳасрат аз фурӯпошии Шӯравӣ ёд намуда, қаҳрамониҳои Сталинро тамҷид кардаанд. Ба назар мерасад, ҳар боре муносиботи Русия бо Ғарб ба бунбаст мерасад, мақомоти ин кишвар ба намодҳои зидди ғарбӣ, аз ҷумла Сталин ва манифести сиёсии ӯ рӯй меоваранд.

Дидгоҳи мардум дар хусуси Сталин мухталиф аст, хусусан дар миёни ҷавонон. Яке аз шаҳрвандони рус мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки Иосиф Сталин нодуруст мавриди нафрати ҷамъӣ қарор гирифтааст. Ӯ корҳои зиёде барои кишвари мо анҷом дод, ки то ҳол аз онҳо баҳра мебарем”.

Бо вуҷуди ин, ин шаҳрванди рус эътироф мекунад, ки давраи ваҳшатбори ҳукуматдории Сталин ва ранҷи миллионҳо нафар дар Гулагро инкор кардан мумкин нест. Бархе бовар доранд, ки набояд фақат Сталинро маҳкум кард, зеро ин амалҳо натиҷаи як низоми саркӯбгар буданд. Шаҳрванди дигаре мегӯяд: “Сталин як қисми таърихи мост. Ӯ золим буд, аммо шоистагии худро ба ҳайси як раҳбар низ собит кардааст. Ҳам ҷанбаҳои мусбат дорад ва ҳам манфӣ”.

Ватандӯстӣ, ғалаба бар душман  ва аз манофеи шахсӣ гузаштани Сталин дар таърихномаҳо чун амали қаҳрамонона васф шудааст. Бахусус он саҳнаи таърихие, ки вақте писари Сталин ба асорати артиши нозиҳо меафтад ва онҳо мехоҳанд ӯро бо як генерал табодул кунанд, Сталин дар посух мегӯяд, ки ҳеҷ вақт як афсарро бо генерал табодул нахоҳад кард. Дар натиҷа фарзандаш дар асорати нозиҳо ҷон медиҳад.

Дар посух ба суол дар бораи қурбониёни Гулаг бархе бо нигоҳи таҳаммулгароёна мегӯянд: “Ин ҳодисаҳо рӯй доданд. Ҳеч кас комил нест. Шояд ӯ маҷбур буд дар он замон чунин амал кунад. Ин интихоби ӯ буд ва мо онро мепазирем”.

Бархе таърихнигорон бо пеш гузоштани санадҳои махфии замони ҳукумати Сталин иддао мекунанд, ки қисми зиёди ин амалҳоро Берия- нафари содиқ ба Сталин худсарона ва бидуни  иҷозати ӯ анҷом додааст. Дар Ғарб чанд китоб дар бораи Берия чоп шуд ва ривояти ғарбиён дар хусуси ӯ ин гуна аст, ки ӯ дар як давраи сиёсати Шӯравӣ “ҳукмрони мутлақ” дар бахши сиёсати истихборотӣ ва низомӣ буд.

Бозгашти дубораи Сталин фақат ба ҳайкалҳо маҳдуд намешавад. Мафҳуми Иттиҳоди Шӯравӣ низ дубора эҳё мешавад. Беш аз 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштааст ва як музей дар маркази Маскав ба ин давра бахшида шудааст, ки бо осори дидашаванда, садоӣ ва ҳатто бӯйҳои он давра таърихро гӯё зинда мекунанд.

Чанде қабл яке аз мушовирони Владимир Путин, президенти Русия изҳор дошт, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол вуҷуд дорад, зеро парокандашавии он бо нақзи қонун ва меъёрҳо сурат гирифтааст. Ин изҳорот ба хотири шарҳи ҷанги Русия дар Украина ҳамчун “масъалаи дохилӣ “ шарҳ дода шуд. Дар вокуниш бар он Дмитрий Медведов низ аз ин назар пуштибонӣ намуда, гуфт, ки раванди барҳам додани Шӯравӣ ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

Дар Майдони Сурх гурӯҳе аз миллатгароёни тундрав бо ин андеша мувофиқанд ва хостори бозгашт ба марзҳои соли 1945 ва эҳёи дубораи Шӯравӣ мебошанд. Онҳо ба ин боваранд, ки пароканда шудани Шӯравӣ ғайриқонунӣ сурат гирифт ва бояд бекор карда шавад.

Дар Тоҷикистон низ нисбат ба Сталин дидгоҳҳои мухталиф вуҷуд дорад. Гурӯҳи мардуми омма, ки аз тамоюлҳои идеологӣ дуранд, бо нигоҳи мусбат ба Сталин менигаранд. Дар гузашта ҳатто бархеҳо бо муҳаббат ба Сталин номи фарзандонашонро Сталин гузошта буданд. Дар таърихнигории тоҷик низ дар хусуси Сталин дидгоҳи ягона вуҷуд надорад. Бархе таърихнигорон бо хуб ва бархи дигар бо буғз дар бораи ҳодисаҳои даврони Сталин ҳарф мезананд. Консепсияи умумии таърихнигорӣ роҷеъ ба давраи ҳукмронии Сталин, ки бозгӯи воқеият ва манофеи миллии мо бошад, ҳанӯз шакл нагирифтааст.

Профессор ва мушовири пешини президенти Тоҷикистон Иброҳим Усмонов дар хусуси давраи ҳукмронии Сталин, бахусус давраи “репресияи сталинии соли 2030” дар сомонаи “Диалог” гуфта буд, ки таъқиботи солҳои 30-уми асри XX яке аз ториктарин саҳифаҳо дар таърихи Шӯравӣ ба шумор меравад, зеро “Қурбониёни таъқибот на танҳо мухолифони сиёсати болшевикон, балки одамоне буданд, ки танҳо норозигии худро аз сиёсати он солҳо баён мекарданд. Маълум аст, ки бисёре аз парвандаҳои “ҷинояти сиёсӣ” дар он солҳо бар асоси иттиҳомоти сохта тартиб дода мешуданд. Ҳазорон нафар бо туҳмат ба лагерҳои Гулаг бадарға шуданд.

Масъала дар он аст, ки пас аз марги В. И. Ленин дар солҳои 1924 дар сохтори роҳбарии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ихтилоф ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа мухолифони сиёсати болшевикон, ҷонибдорони Лев Тротский дар дохили Ҳизб падид омаданд. Пеш аз тақсим шудан ба “ҷонибдор” ва “мухолиф тротскичиён вуҷуд доштанд, ҳарчанд ба таври расмӣ наметавонистанд андешаҳои мухолиф ба сиёсати Сталинро баён кунанд”.

Профессор Иброҳим Усмонов зикр мекунад, ки дар охири солҳои 1920 ва ибтидои солҳои 1930 яке аз масъалаҳои асосӣ дар ихтилофи миёни болшевикон ва тротскичиён коллективикунонии кишоварзӣ ва индустриализатсияи босуръат ба шумор меравад. Тротскичиён мухолифи он буданд. Тарафдорони Сталин мегуфтанд, ки  “ин зарур аст”, дар ҳоле ки мухолифон онро рад мекарданд.

“Ба таври махсус мехоҳам таъкид намоям, ки нахустин “душманони халқ” маҳз роҳбарони баланди зирбӣ буданд... Сипас, таъқибот шакли умумӣ гирифтанд. Қуллаи ин таъқибот ба солҳои 1937-1938 рост меояд, вақте ки садҳо ҳазор шаҳрвандон бо иттиҳоми ҷиноятҳои сиёсӣ ё парронда шуданд ё ба лагерҳои Гулаг фиристода шуданд”- зикр мекунад профессор Иброҳим Усмонов.

Бо вуҷуди матраҳ шудани андешаҳои нав дар хусуси бозгашти Шӯравӣ ва “зинда” шудани намодҳои он давра бисёриҳо ин андешаро ҳақиқӣ намедонанд. Яке аз шаҳрвандони Русия мегӯяд “дар шароити кунунии сиёсӣ, ин тасаввур воқеӣ нест. Ҳар кишваре, ки дар гузашта қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ҳоло истиқлол ва ҳаққи ҳокимият дорад. Оё онҳо омодаанд дубора муттаҳид шаванд? Ман чунин фикр намекунам”.

Бархе ин бознигарии таърихро ба таъсири рӯйдодҳои кунунӣ, бахусус ҷанг дар Украина, мубориза бо Ғарб ва фишор барои  таҳкими миллатпарастӣ дар Русия марбут медонанд. Маскав пайваста Ғарбро ба таҳрифи таърих муттаҳам мекунад, вале нозирон мегӯянд, ки мақомоти рус худашон талош мекунанд, бо тағйири моҳияти таърихии шакли гузашта, вазъи имрӯзаро дуруст ҷилва диҳанд.

Ҳарчанд ин идея дур аз ақл аст, вале асосгузорони чунин фикр ва бозтафсирии таърихи гузашта нишондиҳандаи таъсири амиқи рӯйдодҳои имрӯз ба дидгоҳҳои таърихӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.09.2026 12:05

Вазирони кишварҳои Шанхай дар Душанбе дар бораи интиқоли молу коло ва густариши тиҷорат гуфтугӯ карданд

Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи 17-уми сентябр дар ҷаласаи 25-уми созмони мазкур роҳҳои густариши тиҷорат, сода кардани расмиёти гумрукӣ ва таҳким додани роҳҳои интиқоли молу колоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
19.09.2026 08:21

“Бозиҳо душвор хоҳанд шуд”. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона эълон шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.
18.09.2026 18:38

Ду кӯдак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.