17 Октябр 2026,
шанбе, 16:59, Душанбе
14.10.2024 16:49

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қатар ва намоиши ҳунарҳои мардумии қатариҳо баргузор мегардад

Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар пагоҳ 15-уми октябр дар  шаҳри Душанбе ифтитоҳ ëфта, се рӯз идома меëбад, - хабар додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанг дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, дар ҳошияи он ҳамчунин вазирони фарҳанги ду кишвар мулоқот анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии  Қатар сурат мегмрад.  Ҳамчунин гузаронидани чорабиниҳои канории  Рӯзҳои фарҳанги Қатар дар шаҳри Норак низ  дар назар дошта шудааст.

Манбаъ меафзояд, меҳмонони қатарӣ  барои аз наздик шинос шудан бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ва  табиати зебои кишвар  аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маҷмааи «Истиқлол» ва мавзеъҳои зебоманзари дараи Варзобу шаҳри Норак дидан мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Қатар дар ҳамаи заминаҳо робитаҳои хубу ҳасана ба роҳ мондааст. Шаш сол қабл,  рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардида буд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.