16 Октябр 2026,
ҷумъа, 09:38, Душанбе
16.10.2026 08:42

Қирғизистон бо Толибон дар бораи таъсиси роҳи мустақими тиҷоратӣ гуфтугӯ кард

Сафири Қирғизистон дар Кобул бо масъулони Палатаи тиҷорат ва сармоягузории гурӯҳи террористии Толибон дар бораи таъсиси роҳи мустақими тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои транзитӣ ва эҳёи лоиҳаи роҳи оҳани панҷкишварӣ гуфтугӯ кардааст.

Хабаргузории “Бохтар”, ки таҳти назорати Толибон қарор дорад, рӯзи панҷшанбе, 15-уми октябр, гузориш додааст, ки раис ва аъзои Кумитаи нақлиёт ва транзити Палатаи тиҷорат ва сармоягузории Толибон бо Турдакан Сиддиқов, сафири Қирғизистон дар Кобул, мулоқот кардаанд.

Бар асоси гузориш, ду ҷониб ба аҳаммияти роҳи оҳани панҷкишварӣ, ки Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро фаро мегирад, дар таҳкими пайвастагии минтақавӣ, рушди тиҷорат ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кардаанд.

Сафири Қирғизистон дар ин мулоқот аз омодагии кишвараш барои оғози кор рӯйи ин лоиҳаҳо хабар додааст.

Ҳамчунин, ду ҷониб ба идомаи ҳамкориҳо ва рушди зерсохторҳои нақлиётӣ бо мақсади осон кардани тиҷорат ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни Толибон ва Қирғизистон таъкид кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.
16.10.2026 08:58

Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА бори дигар аз ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский интиқод карда, иддао намуд, ки ӯ дар амал барои расидан ба созиш бо Русия иродаи воқеӣ надорад. Трамп ҳамчунин, ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русияро ба болоравии нархи ҷаҳонии нафт рабт дод.
16.10.2026 08:42

Қирғизистон бо Толибон дар бораи таъсиси роҳи мустақими тиҷоратӣ гуфтугӯ кард

Сафири Қирғизистон дар Кобул бо масъулони Палатаи тиҷорат ва сармоягузории гурӯҳи террористии Толибон дар бораи таъсиси роҳи мустақими тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои транзитӣ ва эҳёи лоиҳаи роҳи оҳани панҷкишварӣ гуфтугӯ кардааст.
15.10.2026 16:41

Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид

Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 13:28

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан

Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 10:50

Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48

Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.