Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.
Трамп гуфт, ҳамлаҳо ба роҳбарони Эрон ба ҳадде расид, ки ҳоло муайян намудани ҷониби музокиракунанда барои Вашингтон бисёр душвор шудааст.
Доналд Трамп рӯзи сешанбе, 13-уми октябр дар ҷараёни як ҳамоиш дар иёлати Огайо гуфт, ки мақомоти Амрико дигар намедонанд бо кадом намояндагони Эрон музокира кунанд.
“Шояд дар мавриди роҳбарон аз ҳад зиёд пеш рафта бошем, зеро дигар намедонем бо кӣ сари кор дорем”- гуфтааст Доналд Трамп.
Доналд Трамп иддао кард, ки Эрон неруҳои ҳавоӣ ва ҳамаи 159 киштии худро аз даст дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин киштиҳо дар қаъри баҳр қарор доранд. Ин иддаои Трамп аз сӯйи мақомоти расмии Эрон тасдиқ нашудааст.
Изҳороти Доналд Трамп дар ҳоле садо дод, ки бар асоси гузориши Созмони амалиёти тиҷорати баҳрии Бритониё (UKMTO), аз аввали моҳи октябр то замони нашри хабар, 19 ҳамла ба киштиҳо сабт шудааст.
Идома ёфтани ҳамлаҳо ба киштиҳои тиҷоратӣ дар минтақаи Халиҷи Форс нигарониҳоро дар хусуси амнияти роҳҳои баҳрӣ ва интиқоли нафт ба вуҷуд овардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст