Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Вазъи саломатии ҳамсари Николас Мадуро дар зиндони Амрико бад шудааст
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026-ро ба ифтихори талошҳои Навӣ Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ, ки барои пешбурди сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ талошҳои зиёде кардааст, тақдим намуд.
Ин кумита рӯзи ҷумъа, 9-уми октябр, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки Навӣ Пиллэй дар таъмини таъқиби қонунии ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноятҳо алайҳи башарият ва наслкушӣ нақши калидӣ бозидааст.
Бар асоси баёния, Навӣ Пиллэй бо шуҷоат ва поквиҷдонии камназир пешгоми ҳаракат ба сӯйи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва фарогиртар будааст.
Ба гуфтаи ин кумита, Пиллэй, ки дар оилаи ҳинду-тамилӣ ва дар давраи апартеид (низоми нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ) дар Африқои Ҷанубӣ ба дунё омадааст, ба ҳуқуқшиноси пешгом дар арсаи ҳуқуқ табдил ёфта, бар зидди табъиз, ҷудосозии нажодӣ ва канорзании иҷтимоӣ мубориза бурдааст.
Ӯ дар собиқаи касбии худ таҷрибаи баланд дар Додгоҳи олии Африқои Ҷанубӣ, Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои Руанда ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дорад.
Кумитаи Нобели Норвегия гуфтааст, ки бо тақдими Ҷоизаи сулҳи Нобели имсола мехоҳад ба ҷаҳониён ёдовар шавад, ки волоияти қонун пояи низомест, ки барои таъмини сулҳ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо бунёд шудааст.
Бо ин ҳол, Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳамасола ба шахсон ва чеҳраҳое дода мешавад, ки дар арсаҳои ҳуқуқи башар, пешбурди сулҳ, пешгирӣ аз ҷанг ва низоъҳо ва таъмини адолат талош карда бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд