Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Сармоягузорон ба Тоҷикистон бештар пул меоранд, аммо ҷойҳои кории камтар пешниҳод мекунанд
Ширкатҳои хориҷӣ бо вуҷуди афзоиши назарраси сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 ҷойҳои нави кории хеле камтар пешниҳод намудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, теъдоди чунин ҷойҳои корӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 43 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бар асоси иттилои оморӣ, ширкатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои онҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 65 ҷойи корӣ пешниҳод намудаанд.
Ин рақам дар ҳолест, ки нишондиҳандаҳои сармоягузорӣ тамоюли тамоман дигарро нишон медиҳанд.
Ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамин давра 23,2 фоиз афзоиш ёфта, қариб ба 1,9 миллиард доллар расидааст.
Беш аз ҳама афзоиши сармоягузории мустақими хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми он нисбат ба нимсолаи нахусти соли гузашта 60, 3 фоиз зиёд гардидааст.
Таҳлилагарони масоили иқтисодӣ суол гузоштаанд, ки чаро афзоиши сармоягузории хориҷӣ то ба ҳол ба афзоиши ҳамсон дар шумори ҷойҳои нави корӣ дар ширкатҳои хориҷӣ табдил наёфтааст.
Тибқи таҳлили коршиносон коҳиши ҷойҳои нави корӣ дар ширкатҳои хориҷӣ маънои онро надорад, ки бозори меҳнати Тоҷикистон дар маҷмуъ тангтар шуда бошад. Масалан, тибқи маълумоти Агентии омор, фақат дар семоҳаи аввали соли 2026 дар кишвар беш аз 48 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта буд.
Ҳамин тавр, омори нимсолаи нахуст манзараи дугонаеро нишон медиҳад: сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар ворид мешавад, вале ширкатҳои хориҷӣ дар айни замон ҷойҳои нави кории камтар пешниҳод мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ