Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Ироқчӣ: “Эрон ҳақ дорад ба ҳамлаи таҷовузкор посух диҳад”
Вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ дар посух ба изҳороти Вазорати корҳои хорҷии Урдун гуфт, ки Теҳрон то кай бояд барои посух додан ба ҳамлаҳои “таҷовузкор” интизор монад.
Сайид Аббос Ироқчӣ бо нашри паём дар шабакаи иҷтимоӣ гуфт, кишваре, ки ба соҳибихтиёрии давлатҳои арабӣ ва Эрон эҳтиром намегузорад, набояд аз посухи Теҳрон дар амон бошад.
Вай дар вокуниш ба суханони вазири корҳои хориҷии Урдун навишт, ки «Эрон то чӣ муддат бояд интизор бимонад, то ба таҷовузкоре, ки на ба соҳибихтиёрии кишварҳои арабӣ ва на ба соҳибихтиёрии Эрон эҳтиром мегузорад, посух диҳад?»
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин, ба ҳамлаҳои нухустини Амрико ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамлаҳо аз ҳарими ҳавоӣ, қаламрав ва обҳои кишварҳои арабӣ истифода шудааст.
Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо шаҳрвандони бегуноҳи Эрон кушта шудаанд. Ӯ аз Вазири корҳои хориҷии Урдун пурсид, ки оё ӯ воқеан аз истифода шудани қаламрав ва ҳарими ҳавоии кишварҳои арабӣ дар ҳамлаҳои аввал ба Эрон хабар надорад.
Изҳороти вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳоле садо медиҳад, ки кишварҳои минтақа талош доранд худро аз домани низоъҳои низомӣ дур нигоҳ доранд. Урдун низ борҳо гуфтааст, ки намехоҳад қаламрави он барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад.
Танишҳо миёни Эрон ва рақибони минтақавию байналмилалии он дар солҳои охир яке аз масъалаҳои асосии амниятӣ дар Ховари Миёна боқӣ мондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад