“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Бозии футболи тими журналистони Русия ва Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад
Леонид Слутский аввалин тамрини тими журналистони Русияро пеш аз бозии дӯстона бо тими журналистони Тоҷикистон баргузор кард. Дар ҳайати тим собиқ футболбозони маъруфи Русия, аз ҷумла Алан Дзагоев ва Роман Павлюченко ҳузур хоҳанд дошт.
Леонид Слутский, собиқ сармураббии тими миллии Русия ва «Шанхай Шэньхуа» эълон намуд, ки тими журналистони Русия барои бозӣ ба шаҳри Душанбе омодааст. Ин бозӣ рӯзи 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад. Ин нахустин бозии байналмилалии тими футболи журналистони Русия ба ҳисоб меравад.
Дар ҳайати тими Русия як қатор футболбозони собиқи сатҳи баланд низ ба майдон мебароянд. Аз ҷумла, Алан Дзагоев, Роман Павлюченко, Дмитрий Тарасов ва Виталий Дяков дар ҳайати тим қарор доранд ва бо ҳайати тими Тоҷикистон қуваозмоӣ хоҳанд кард.
Дар баробари онҳо, ба ҳайат стримерҳо, блогерҳо, шарҳнависони варзишӣ ва чеҳраҳои маъруфи футболи журналистӣ низ шомил шудаанд.
Слутский рӯзи 10-уми август сармураббии тими журналистони Русия таъин шуда буд. Мувофиқи иттилои нашршуда, вазифаи ӯ омода кардани тим барои бозии Душанбе аст.
Тими журналистони Тоҷикистон низ барои ин бозӣ омодагӣ мебинад. Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, ҳайати Тоҷикистонро собиқ сармураббии тими миллии кишвар Петар Шегрт роҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати он ҳамчунин, собиқ футболбозони маъруфи тоҷик ва чеҳраҳои шинохтаи расонаҳо ҳузур хоҳанд дошт.
Бозии Душанбе ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад ва интизор меравад таваҷҷуҳи мухлисони футбол ва аудиторияи расонаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад