Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун, Баҳрайн ва Ироқ ҳамла кард
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳадафҳои низомӣ дар Эрон, ба пойгоҳҳо ва мавқеъҳои вобаста ба неруҳои амрикоӣ дар чанд кишвари минтақа ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.
Дар пайи ин даргириҳо Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, ки пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Урдун, Баҳрайн, Ироқ ва кишварҳои дигари минтақа ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
Мақомоти низомии Урдун дар пайи серозер шудани мушакҳо аз сӯйи Эрон иддао карданд, ки чандин мушакро раҳгирӣ ва нобуд кардаанд. Дар баъзе аз кишварҳои Халиҷ низ системаҳои дифои ҳавоӣ барои муқобила бо мушак ва ҳавпаймоҳои бесарнишин фаъол шудаанд.
Ин ҳамлҳо пас аз мавҷи нави зарбаҳои Амрико ба мавқеъҳои низомии Эрон дар соҳили ҷанубии ин кишвар сурат гирифтаанд. Вашингтон иддао дорад, ки амалиёти низомӣ дар посух ба таҳдидҳо бар зидди киштиҳои тиҷоратӣ дар тангаи Ҳурмуз ва неруҳои амрикоӣ анҷом шудааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз кушта шудани ғайринизомиён дар ҷануби Эрон хабар медиҳанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бар асари яке аз ҳамлаҳо ба маҳалли баргузории як маросими арӯсӣ чанд нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд.
Бо идомаи ҳамкориҳои дуҷониба нигарониҳо аз густариши ҷанг бо кишварҳои дигари минтақа зиёд шуда, вазъ дар атрофи тангаи стратегии Ҳурмуз низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад