Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Пизишкиён: “Ҷаҳони бисёрқутбӣ метавонад ба низоми одилонаи байналмилалӣ мусоидат кунад
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти сарони кишврҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуд, ки ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ метавонад ба таъсиси низоми одилонатарини байналмилалӣ мусоидат кунад.
Масъуд Пизишкиён ин нуктаро рӯзи 1-уми сентябр дар нишасти сарони кишварҳои узв, нозир ва шарикони Созмони ҳамкории Шанхай дар формати “СҲШ+” дар Бишкек баён кард.
Масъуд Пизишкиён таъкид намуд, ки тақсимоти қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ дар ҷаҳон тағйир меёбад ва кишварҳо бештар мехоҳанд дар қиболи қарорҳои байналмилалӣ нақши муассир дошта бошанд.
Президенти Эрон афзуд, ки ҷаҳони бисёрқутбӣ набояд танҳо ба ҷойгузинии як қудрат бо қудрати дигар табдил шавад. Ба назари ӯ, барои он ки чунин низом одилона бошад, он бояд бар бисёрҷонибагароӣ, баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ва волоияти қонун асос ёбад.
Масъуд Пизишкиён таъкид намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бояд воқеаҳои нави ҷаҳони имрӯзро беҳтар инъикос кунад. Ӯ афзуд, ки СММ ва Шурои Амнияти он бояд дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии ҷангҳо ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо муассиртар амал кунанд.
Президенти Эрон аз фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари рӯйдодҳои Ғазза, Лубнон ва ҳамлаҳои ахир ба Эрон интиқод намуд. Ӯ дипломатияро ягона роҳи ҳалли ихтилоф ва низоъҳо дониста, ба танишҳои Эрону Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ишора намуд.
Ӯ ҳамлаҳои низомӣ бар зидди Эронро нақзи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ дониста, афзуд, ки Эрон “оғозгари ҷанг набуд, балки аз худ дифоъ мекард”. Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаи ӯ, Теҳрон дипломатия ва музокиротро роҳи асосии ҳалли ихтилофҳо медонад.
Пизишкиён таъкид намуд, ки барои муваффақ шудани дипломатия иродаи нек, эҳтиром, уҳдадориҳо ва даст кашидан аз таҳдиди низомӣ зарур аст. Президенти Эрон аз кишварҳои Шанхай даъват намуд, ки дар ташаккули низоми бисёрқутбии ҷаҳонӣ саҳми бештар гузоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад